Ҷашни Наврӯз

Ҷашни Наврӯз

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии донишҷӯён ва тарбияи худшиносии миллӣ дар толори Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳ чорабинӣ бахшида ба «ҷашни Наврӯз» баргузор гардид. Дар ин чорабинии илмию – фарҳангӣ кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика бо иштироки васеъи устодон ва гӯруҳои кураторӣ саҳми худро гузоштанд.

Дар чорабинӣ ҳамоиши ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳо ва либосҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

Дар чорабинии идона муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳ профессор Ибодзода С.Т., муовини ректор оид ба тарбия дотсент Қурбонбекова П.Қ. ва маъмурият иштирок намуданд. Баъд аз оғози чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳ бо сухани табрикотӣ баромад карда оид ба пайдоиши иди Наврӯз суханронӣ намуданд: Иди Наврӯз ин ҷашни оғози баҳор ва соли нави мардуми форсу тоҷик мебошад. Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои ориёист. Ривоят аст, ки ин ҷашнро Ҷамшед асос гузоштааст.

Чорабинии идона аз тайёр намудани номерҳои консертӣ, шеърхонӣ ва озмуни кадбонуи беҳтарин баргузор ва намоиш дода шуд. Аз ҷониби муовинати шӯъбаи тарбия ба иштирокчиёни фаъол ифтихорнома ва тӯъфаҳо супорида шуд.

Бояд қайд кард, ки ин чорабинии идона дар сатҳи баланд гузашт ва тамоми ҳозиронро рӯҳбаланд гардонид. 

КАФЕДРАИ БИОЛОГИЯИ ТИББӢ БО АСОСҲОИ ГЕНЕТИКА

17.03.2021     392

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php