Корҳои тарбиявӣ


Корҳои тарбиявӣ дар кафедраи Биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи муовинати тарбия ва фарҳанги донишгоҳ, нақшаи кафедра ва нақшаҳои иловагӣ роҳнамоӣ мешаванд.
Баҳри хуб ба кор мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён аз ҷониби омӯзгорони кафедра ғайр аз нақшаи тасдиқгардида инчунин оид ба мавзӯъҳои Ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, пешгирии ақидаҳои ифротгароӣ, экстремистӣ ва террористӣ сӯҳбатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд. Инчунин оид ба тартибу интизом дар дохили донишгоҳ, пӯшидани сару либоси тавсиявӣ, тоза, саъю кушиш ба дарсазхудкунӣ ва иштироки донишҷӯён дар байни донишҷӯён кор бурда мешавад. Дар кафедра банерҳо ва овезаҳо бахшида ба «25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябр)» ва «Рӯзи Ваҳдати миллӣ (27 июн) омода шуданд. Мувофиқи нақшаи тарбиявии кафедра бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедра сӯҳбатҳо дар байни донишҷӯёни факултети тиббӣ дар мавзӯъи “Шукри Истиқлол мегӯем мо” маърӯза омода намуданд. 9 сентябри соли 2017 ҳамаи кормандони кафедра дар чорабиниҳои Ҳукумати шаҳр иштироки фаъолона намуданд. Бахшида ба “Рӯзи забони тоҷикӣ” 5 сентябр дар мавзӯи “Забони тоҷикӣ ” оид ба таърихи забон, паҳн шудани забон дар кишвархои ҳамсоя ва ҷалби нависандагону олимони олам аз тарафи донишҷуёни курси 5 факултети тибби ба забони тоҷикӣ баромад намуданд. Омӯзгорон ҷавононро баҳри азхуд кардани на танҳо забони давлатӣ балки забонҳои хориҷӣ низ даъват намуданд. Дар кафедра оид ба ҷашни 22-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи омӯзгорон ба донишҷӯёни гуруҳҳои кураторӣ маҳфил гузаронида шуд. Бахшида ба Рӯзи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябр дар байни донишҷуёни гуруҳҳои кураторӣ дар мавзӯи “Дастовардҳои миллати тоҷик дар солҳои истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои миллат ” сӯҳбатҳои тарбиявӣ гузаронида шуд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php