Таърихи кафедра


Таърихи кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 аз соли 1959 оғоз ёфтааст. Дар ин сол кафедра дар заминаи бинои соматикии кӯдаконаи беморхонаи клиникавии ҷумҳуриявии № 3 ба номи А.М.Дяков кушода шуд.
Мудири аввалини кафедраи бемориҳои кӯдакона доктори илмҳои тиб, профессор Г.Е.Левина интихоб шуд. Бо сарварии Левина Г.Е. 6 рисолаҳои номзадии дар мавзӯъҳои актуалии соҳаи педиатрия дар Тоҷикистон дифоъ карда шуд (А.Х. Халилова, С.М. Мухаммадиева, А.М. Миракилова, С.М. Кабулова).
Ассистентҳои аввалин дар кафедра С.М. Кабулова, А.М. Миракилова, М.Ш. Мухамадиева, М.Ш., Расовская, Э.А. Немировский буданд.
Дар давоми фаъолияти худ факултети педиатрӣ кафедраи педиатрияи госпиталиро таъсис дод.
Аз соли 1968 ба вазифаи роҳбари кафедра доктори илмҳои тиб, профессор Е.А.Надеждина пешниҳод карда мешавад.
Бо ташаббуси Е.А.Надеждина дар базаи кафедра шӯъбаҳои кардиолоҷӣ, озмоишгохи ревматолоҷӣ ва иммунолоҷӣ ташкил шуд, ки самти назарияи илмиро пурзӯр гардонид . Корҳои илмӣ – тадқиқотии кафедра проблемаҳои иммуногенези ғайрисироятиро дар кӯдакони гирифтори бемориҳои системавӣ дар бар мегирифт. Дар зери роҳбарии ӯ дар давоми 5 сол 8 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд (Н.Т. Мансурхоҷаева, Н.Н.Негматуллина, И.Б. Крейтнер, Г.А. Лутская).
Зиёда аз 120 кори илмӣ, 3 монография оид ба бемории ревматизм дар кӯдакон аз чоп баромад.
Соли 1974 барои роҳбарӣ намудан дар кафедра доктори илмҳои тиб, профессор Мирақилова М.М. (1974- 2004) пешниҳод карда мешавад.
Бо ташаббуси А.М. Мирақилова гурӯҳҳои неонатолог- субординаторҳо ташкил шуд. Соли 1981 дар кафедраи педиатрия курси баланд бардоштани тахассус барои педиатрони ҷумхурӣ ташкил карда шуд, ки ассистентон-номзадони илми тиб Рыжкова И.Б. ва Тоҷибоева З.А. фаъолият доштанд.
Оғоз аз соли 1990 дар кафедраи педиатрия зери роҳбарии Мирақилова М.М. корҳои илмӣ – тадқиқотиро дар самти неонатология ва гематология пурзӯр гардонид. Кормандони кафедра рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд (Бахмут Е.В. «Внутриутробное инфицирование вирусом краснухи» 1990с., Бузрукова Н.Д. «Эпидемиология и диагностические критерии цитомегаловирусной инфекции у новорожденных детей» 1992с., Олимова К.С. «Прогноз и метаболическая терапия перинатальной патологии в Таджикистане» 1992с., Исаков О.М. «Эффективность восстановительного лечения детей с бронхиальной астмой в горноклиматических условиях Таджикской ССР» 1991с., Умарова Д.С. «Инфицированность вирусом гепатита В и С новорожденных в регионе с широким распространением НВ-вирусной инфекции» 1995с.
Кафедра доимо дар масъалаи тайёр намудани мутахассисони илмӣ-педагогӣ дар марказҳои илмии марказӣ диққати махсус медод. Бо пешниҳоди кафедра дар институти илмӣ-тадқиқотии Педиатрии Академияи илмии тиббии федерацияи Россия дар шаҳри Москва аспирантон Б.М. Ҳайдаров (Особенности гипертрофической кардиомиопатии у детей,1987), Р.Ҳ. Саидмурадова («Маловесные дети» - клинико-социальные исследования» бо баҳодиҳии инкишофи ҷисмонии навзодони шаҳри Душанбе, 1990) ва З.А. Муҳитдинова («Этиологическая роль внутриутробных смешанных вирусных инфекций в неонатальной патологии», 1991) рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд.
Кормандони кафедра рисолаҳои докториро оид ба саволҳои реабилитатсияи кӯдакони бемориҳои системавии хун дошта аз тарафи Исмоилов К.И. («Адаптационные возможности кардиореспираторной системы в различные сроки ремиссии онкологических заболеваний») дар соли 1994 ва Джураев М.Н. «Лекарственная аллергия в детском возрасте» дар соли 1997 дифоъ карданд .
Аз соли 2004 то инҷониб вазифаи мудири кафедраро доктори илмҳои тиб, профессор Исмаилов Комилҷон Исроилович ба зимма дорад.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php