Ҷашни Парчами давлатӣ

Ҷашни Парчами давлатӣ

Бо мақсади пешвози ҷашни Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 2020 дар толори кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2 ҷамъомад баргузор карда шуд. Дар рафти чорабинӣ донишҷӯи курси 5-уми факултети тиббӣ Назриев Аюбҷон дар назди ҳозири бо баромади пурмуҳтаво суханронӣ намуд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолӣ, ягонагӣ ва дӯстию бародарии мардуми кишвар мебошад. Парчами давлатии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 -уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Сессияи 16- уми тақдирсози миллат қабул карда шудааст. Дар охир донишҷӯён ва устодони кафедра аз ин чорабинӣ ғизои маънавӣ гирифтанд.

Кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №2

26.11.2020     455

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php