Таърихи кафедра


Дар донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино 17 августи соли 1942 (фармони №135) кафедраи терапияи госпиталӣ (ҳоло кафедраи бемориҳои дарунии №3 ДДТТ) таъсис ёфт. Аз сентябри соли 1942 то октябри 1944 роҳбари кафедра профессор В.Ю. Иоффе буд.
Баъдан мудириятро (1944) дотсент Кулматов, профессор П.М. Степанов (1946-1948), дотсент А.М. Диковский (1948-1949), профессор Баркаган С.Л. (1940-1953), профессор Х.Х. Мансуров (1953-1954), дотсент Баркаган З.С. (1955-1960), профессор Х.Х. Мансуров (1961-1974) ба ӯҳда доштанд.
Аз соли 1974 то 1990 сол мудири кафедра корманди шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ҷамъияти илмии терапевтон ва кардиологони ҷумҳурӣ профессор М.Х. Бобохоҷаев буд. Бо роҳбари ӯ 19 рисолаи номзадӣ ва 2 рисолаи докторӣ ҳимоя карда шудаанд.
Аз соли 1991 то соли 2015 профессор, аълочии тандурустии СССР, барандаи мусобиқаи сотсиалисти СССР, аълочии маъорифи ҶТ, Корманди шоистаи ҶТ У.Р. Расулов сарвари кафедра буд. У бо медали «Шавқат» мукофотонида шудааст. Кафедра дар назди шӯъбаҳои бемориҳои дарунии ММТҶТ воқеъ мебошад.
Аз соли 1992 номи кафедра бемориҳои дарунӣ барои субординаторҳо бо самти сайёри ҳарбӣ буд, ҳоло номи кафедра бемориҳои дарунии №3 мебошад. Дар кафедра донишҷӯёни курси 6 дарс меомӯзанд. Инчунин дар кафедра барои донишҷӯёни курси 4 факултаи НТҶ ва курси 5 дигар факултаҳо аз фанни терапияи сайёри ҳарбӣ дарс гузаронида мешавад.
Мувофиқи нақшаи КИТ кафедра солҳои 1991 то 1993 дар мавзӯи: «Паҳншавии коркади стандартҳои усулҳои ташхис ва таъсири табобат ба узвҳои дохила ҳангоми гемобластозҳо» корҳои илми гузаронида мешуд. Аз соли 1994 то 1998 кафедра дар мавзуи: «Хусусиятҳои клиникӣ ва морфологии гломерулонефритҳо дар сокинони иқлими хушк ва гарми ҷануби Тоҷикистон» тадқиқот гузаронид.
Кормандони кафедра то 2014 сол зиёда аз 1500 таълифоти илмӣ, аз он ҷумла 35 пешниҳоди методӣ, маҷмӯи корҳои илмии кафедра ва 5 монография аз чоп баровардааст. Соли 2012 китоби дарсӣ «Курси лексияҳо аз фанни бемориҳои дарунӣ» бо забони давлатӣ ва забони русӣ таҳия гардидааст.
Кормандони кафедра дар съездҳо, симпозиумҳо ва конференсияҳо баромад кардаанд. Ҳоло хатмкунандагони кафедраи бемориҳои дарунии №3 дар ҳар кунҷу канори кишвар ва берун аз он дар мамлакатҳои СНГ, Олмон, Афғонистон, Канада, Изроил ва дигар мамлакатҳо кор ва фаъолият мебаранд.
Кафедра доимо бо ташкилотҳои пешбар ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Чин ҳамкорӣ мекунанд.
Солҳои 2009-2014 кафедра корҳои илмӣ дар мавзӯи: «Хусусиятҳои равиши клиникӣ ва табобати бемориҳои дарунӣ» бурдааст.
Аз соли 2015 то ҳол мудири кафедраи бемориҳои дарунии №3 д.и.т., дотсент Мустафақулова Н.И. мебошад. Яке аз проблемаҳои илмии кафедра ҳоло «Такмили усулҳои муайянсозии омилҳои хатарнок, саририят ва табобати бемориҳои дарунӣ бо назардошти хусусиятҳои минтақавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст. Бо роҳбарии д.и.т. Мустафақулова Н.И. 3 рисолаҳои номзадӣ ҳимоя шудаанд ва 5 унвонҷуй, 2 докторанти PhD, 4 магистри ҳориҷӣ корҳои илмӣ бурда истодаанд.
Кори ташкилоти илмии донишҷӯён дар кафедра хеле фаъол буда доимо конфронсҳои илмӣ ва кори тарбиявӣ бурда мешавад. Ҳоло бо роҳбарии мудири кафедра д.и.т. Мустафақулова Н.И. кормандони кафедра н.и.т., дотсент Хоҷиева Г.Б., н.и.т., дотсент Ғаниева М.П., н.и.т., дотсент Уроқов К.З. дар болои лоиҳаи «Омилҳои хатарнок, хусусиятҳои равиши клиникӣ ва табобатию ташхисӣ лейкозҳои шадид ва музмин бо назардошти хусусиятҳои миқёсии ҶумҳурииТоҷикистон» кор бурда истодаанд.
Ду нафар кормандони кафедра номзадони илми тиб Уроқов К.З. ва Чамолова Р.Ҷ. чоизадорони Исмоили Сомони гардидаанд.
Дотсенти кафедра Хоҷиева Г.Б., ва муаллимони калон Субхонова З.И, Гадоев С.Х., Шамсов АТ. сазовори «Аълочии тандурустӣ» гаштаанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php