Корҳои тиббӣ ва машваратӣ


Тӯли мавҷудияти кафедра корҳои клиникии кормандони он аксаран нақши коллекивро на танҳо дар беморону ҳамкорон, балки дар роҳбарии он беморхонаҳое, ки пойгоҳи он кафедра қарор дошт, муайян намудааст. Кафедра дар ҳар ҳолат ба беморхона ёрии сирф амалӣ мерасонид ва фаъолияти клиникии он бошад, аксаран сиёсати муносибати дуҷонибаи кафедра ва беморхонаро муайян менамуд. Сатҳи баланди касбияти кормандони кафедра, дараҷаи садоқат ба кори клинникӣ устуворияти кафедраро дар беморхонаи шаҳрии клиникии ёрии таъҷилии тиббии ш. Душанбе муқаррар намудааст. Яке аз самтҳои афзалиятнок ва асосии кафедра иҷроиш ва назорати фаъолияти доимии шуъбаи ҷарроҳии беморхона ба шумор меравад. Кормандони кафедра ба беморхонаҳои вилоятӣ ва ноҳиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваллудхонаҳо ва дармонгоҳҳои ш. Душанбе ёрии шефӣ-машваратӣ мерасонанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php