ТАЪРИХИ КАФЕДРА


Кафедраи беҳдошти муҳити зист бо Фармони ректори муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» таҳти №46§2 аз 23.06.1998 бо мақсади таълими донишҷӯёни факултаи пешгирии амроз ва аз соли 2005 факултаи Нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ бо фанҳои ихтисосии беҳдошти меҳнат ва беҳдошти коммуналӣ таъсис ёфтааст. Аз рӯзҳои аввали таъсиси кафедра мудирият ба зиммаи д.и.т., профессор К.Н.Дабуров гузошта шудааст. Ӯ барои интихоб ва ҷойгиркунии пойгоҳҳои кафедра, ташкили ҷараёни дарс, интихоби ҳайати омӯзгорон ва дарстурамалҳои таълимӣ саҳми арзанда гузоштааст. Аз рӯзҳои аввали таъсис, кафедра дар пойгоҳи Стансия дезинфексионии шаҳри Душанбе ҷойгир шуда буд.
Оғоз аз соли хониши 2012 барои таълим ба ӯҳдаи кафедра боз як гурӯҳ фанҳои тахассуси илова карда шуд: беҳдошти хӯрока, беҳдошти кӯдакон ва наврасон, беҳдошти радиатсионӣ ва асосҳои мустаҳкамкунии саломатӣ, ва аз соли 2018 бошад-беҳдошти ҳарбӣ ва беҳдошти умумӣ.
Дар айни замон дар кафедра аз 8 фанни тахассуси ба донишҷӯёни факултаи Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ аз тарафи ассистентони кафедра С.Ф. Шарипов, Ғ.А. Воҳидов, Ҳ.Н. Эгамназаров, Н.Б. Бахтиёрова, Г.Н. Қосимова, О.Б. Раҳмоналиев ва Р.Н. Шарифов дарс гузаронида мешавад. Инчунин ба ҳайси ҳамкор мутахассисони дараҷаи олии МНДСЭ-и шаҳри Душанбе Л.А. Латипов ва С.Назаров барои гузаронидани дарсҳои амалӣ дар пойгоҳҳои МНДСЭ ҷалб карда шудаанд.
Барои гузаронидани дарс ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҳуҷҷатҳои роҳнамоӣ ва техникӣ-меъёрӣ (СтДав, ҚМС, фармонҳо), маводҳои назорати санитарӣ-беҳдоштии ҷорӣ ва огоҳкунанда, таҷҳизотҳои озмоишгоҳӣ истифода карда мешаванд. Як қатор дарсҳои амалӣ барои аз наздик шинос намудани донишҷӯён бо вазифаҳои духтури санитарӣ дар объектҳои зери назорати МНДСЭ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, мактабҳо, боғчаҳо, дар объектҳои коммуналӣ, саноатӣ ва хӯрока, инчунин марказҳои обтаъминкунии шаҳрӣ, иншооти тозакунии обҳои коррезӣ, муаасисаҳои табобатӣ ва пешгирӣ, комбинати шир ва дигар объектҳои хусусияти санитарӣ доштаи ш. Душанбе. Пойгоҳҳои модӣ-техникии стансияи дезинфексионии шаҳрӣ, МНДСЭ ва МҶТТҲС барои тайёр намудани донишҷӯён, ҳам ҷиҳати теоритикӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ аз рӯи ихтисоси духтури санитарӣ имконият медиҳад.
Дар солҳои 2003-2005 иштироки фаъоли кормандони кафедра дар лоиҳаи азнавташкилкунии факултаи пешгирии амрози МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ба факултаи Нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ бо сарпарастии фонди Сорос.
Солҳои 2005-2007 дар доираи ҳамкории МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо акдемияи шоҳии тиббии Шведсия оиди коркарди стратегияи беҳкунии сифати таълим аз рӯи лоиҳаи Темпус.
Дар солҳои 2014-2017 кафедра дар лоиҳаи Темпус якҷоя бо донишгоҳҳои аграрии Тоҷикистон, Литва, Латвия ва Словакия барои тайёр намудани магистрон дар самти сифат ва амнияти озуқаворӣ иштироки фаъол кардааст. Солҳои 2013-2017 бошад дар лоиҳаи Темпус бо донишгоҳҳои ҳамкори Қирғизистон, Қазоқистон, Итолиё, Шветсия ва Эстония оиди навоварӣ дар самти таълим ва гузаронидани тадқиқотҳои илмии беҳдошти муҳити зист ва тибби меҳнат, ки то ҳол идома дорад, ҳамкорӣ намудааст.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php