Тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

Тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

Дар кафедраи ҷарроҳии умумии №1 таҳти роҳбарии мудири кафедра н.и.т., дотсент Боймуродов О. С. ва ташаббуси ассистенти кафедра оид ба тарбия ва фарҳанг Расулов А.Ғ. якҷоя бо коллективи кафедра, ординаторони клиникӣ, интернҳо ва донишҷуёни курси сеюми факултетҳои тиббӣ ва стоматологӣ дар маҷлисгоҳи МД «МТШ №2 ба номи академик К.Тоҷиев» филми ҳуҷҷатии «Хиёнат», ки оид ба кор ва фаъолияти собиқ «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ва ҳамакнун чун ҳизби террористӣ-эктремистӣ шинохта шудааст, тамошо карда шуд.

Дар авали ҷамъомад мудири кафедра баромад намуда, қайд карданд, ки «Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ин неъмати бебаҳо ва боигарии асосоии Тоҷикистон буда, ба қадри он расидан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҷавонони имрӯза, ки ояндаи миллат ва давлат аз лаёқат, маҳорат, забондонӣ, дониши амиқ ва муҳаббату саодати онҳо нисбати Ватани азиз вобаста аст, бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, ба чунин гурӯҳҳои ифродгароӣ ҳамроҳ нашуда, ба омӯзиши илм ва малакаҳои касбии хеш бипардозанд, то дар оянда аз ӯҳдаи ободгардонии Ватан ва ҳимояи оромию осудаҳолии халқи азизамон бароянд.

Онҳое, ки шоҳиди он рӯзҳои ноороми миллат буданд ва дар чунин рӯзҳои мудҳиш якҷоя бо Ватан мубориза бурданд, такрорёбии он рӯзҳоро ҳеҷ гоҳ намехоҳанд ва ба қадри ваҳдату осудаҳолии миллат расиданро қарзи фарзандии хеш мешуморанд.  Умедворам, ки аз тамошои ин филми ҳуҷҷатӣ шумо як ҷаҳон ғизои маънавӣ мегиред ва аз таҷрибаҳои таърихи миллат хулоса бароварда, дар оянда роҳи дурустро  интихоб мекунед.»

Пас аз анҷоми қисми якуми филм чанд нафар аз кормандони рӯзгордидаи кафедра, ки таҷрибаи зиёди ҳаётӣ дошда, шоҳиди як қатор ҳодисаҳои дар филм нақлгардида буданд, баромад карданд. Зимни суханронӣ аз таъассуроти хеш гуфта гузаштанд ва ба насли наврас насиҳатҳои ҳаётан муфид доданд.

Дар охир якчанд донишҷӯён низ оиди таассуроти хеш баромад намуда, ба кормандони кафедра барои чунин ҷамъомади муфид ва саривақтӣ изҳори миннатдорӣ карданд. Сипас қисмҳои дигари филм ба омӯзгорон ва донишҷӯёни хоҳишманд ба воситаи «флеш»-хотираҳои  электронӣ тақсим карда шуд, то дар вақти холии хеш филмро пурра тамошо кунанд.

Кафедраи ҷарроҳии умумии №1 

09.03.2021     351

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php