Корҳои тиббӣ ва машваратӣ


Кормандони кафедра ҳамарӯза дар корҳои табобатии Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон фаъолона иштирок мекунанд. Мудири кафедра н.и.т. Гулшанова ҳамзамон мутасаддии кулли корҳои табобатию ташхисӣ дар клиника ва сардори масъули комиссияи табобатӣ оид ба пайванди ҷигар дар Академияи илмҳои тиб мебошанд. Мудири кафедра ҳамарӯза конференсияи пагоҳирӯзии духтуронро доир мекунад, кулли амалиётҳои ҷарроҳӣ ва беморони ҳолаташон вазнин ҳамаҷониба муҳокима карда мешаванд. Ҳафтае як маротиба боздиди беморони шуъбаҳоро мегузаронанд. Инчунин бевосита ташхис ва амалиёти ҷарроҳии беморони ҳолаташон вазнин аз тарафи мудир ва профессорону дотсентони кафедра гузаронида мешавад. Асисстенти кафедра Сафаров Ҷ. Б. мутасаддии корҳои табобатии клиника, д.и.т. Исмоилзода С. С. сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ оид ба пайвандсозии узву бофтаҳои инсон мебошанд. Ҳамаи дотсентон ва ассистентҳо дар муолиҷаи беморон бевосита ва фаъолона иштирок мекунанд, ҷарроҳиҳои мураккабро анҷом медиҳанд ва ҳамчун навбатдори ёрии таъҷилӣ фаъолият мекунанд. Алоҳида бояд қайд намоем, ки дар соли ҳисоботӣ кормандони кафедра дар фаъолияти табобатии Маркази пайвандсозии узвҳо, яъне дар ҷарроҳии пайвандсозии хешовандии гурда бо натиҷаҳои хубу босамар иштирок варзида, барои ба роҳ мондани пайвандсозии ҷигар корҳои заруриро ба анҷом расонда истодаанд. То имрӯз шумораи ҷарроҳиҳои пайвандсозии гурда ба 640-то расидааст. Аз ин миқдор 80 ҷарроҳии пайвандсозии хешутабории гурда ба ин сол рост меояд. Дар соли 2018-2019 дар Марказ 16 ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар гузаронида шуд. Омор доир ба дигар фаъолиятҳои ҷарроҳӣ нишон дод, ки дар шуъбаҳо 2493 амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дода шудааст. Аз ин ҷумла 1647 адад ба таври нақшавӣ ва 846 адад ба таври таъҷилӣ амалӣ гардидаанд. Аз 2493 ҷарроҳии иҷрошуда 2157 (87%)-тоаш аз тарафи кормандони кафедра анҷом дода шудааст. Ғайр аз ин, дар заминаи клиникаи дуюми кафедра, яъне дар Маркази номбаршуда, 481 ҷарроҳӣ, аз ҷумла пайвандсозии гурда ва ҷигар аз ҷониби кормандони кафедра иҷро гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони кафедра беш аз 1510 беморро қабул намуданд ва табобатҳои дармонгоҳии заруриро татбиқ карданд. Инчунин кормандони кафедра бо беморон зиёда аз 310 суҳбат гузарониданд, 2 маротиба дар барномаҳои телевизион ва радио оид ба бемориҳо иштирок намуданд (н.и.т. Гулшанова С. Ф., д.и.т. С.С. Исмоилзода, проф. А.Р. Достиев). Кормандони кафедра дар 47 иқдоми ёрӣ тариқи авиатсияи санитарӣ иштирок намуда, ҳамчунин дар ҳайати комиссия доир ба муоинаи тиббии донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳайси ҷарроҳон иштирок намуданд.
1.1. Миқдори беморони муоинашуда -1510
1.2. Миқдори машваратҳо - 310
1.3. Иштирок дар санавиатсия -47
1.4. Иштирок дар “Корвони саломатӣ”- 1
Дар кафедра 1 ординатори клиникӣ ва 3 интерни клиникӣ таҳсил мекунанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php