Корҳои тарбиявӣ


Кори тарбиявӣ қисми ҷудонашавандаи кори таълими мебошад. Якҷоя бо кормандони кафедра ва донишҷӯён бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии ҶТ ахбори сиёсӣ гузаронида шуд. Дар он дар бораи вазъи сиёсии ҶТ дар 28 соли охир ва пешрафтҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба донишҷӯён маълумоти саҳеҳ дода мешавад. Ҳамчунин аҳамияти ҷамъияти тоҷиконро бо сардории Ҷаноби олӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти ҶТ Эмомали Раҳмон дар ҷаҳон муҳокима намуданд. Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи ҶТ бо донишҷӯёни курси 5-ум ва ординатори клиники чорабиниҳои муфид гузаронида шуд. Дар ҷамъомад оиди қонуни асосии ҶТ, иҷро намудани қонунҳо, интизоми меҳнатӣ суханронӣ карданд.
Суханронии Президенти ҶТ Эмомали Раҳмон бахшида ба Рӯзи Конститутсия, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд баррасӣ карда шуд.
Кормандони кафедраи ҷарроҳии асаб ва садамаҳои омехта оид ба сатҳи омодагӣ ва амалгардонии “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 корҳои зеринро гузаронида истодааст.
Ҳамчунин оиди терроризм бо донишҷӯён устодони кафедра як чанд бор сӯҳбатҳо гузаронида дар бораи заррари ин кори номатлуб ва баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ин амалҳои номатлуб суханрони намудаанд.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php