Рӯзи маъюбон

Рӯзи маъюбон

Санаи 03-04  моҳи равон мудири кафедра бо ҳайати омӯзгорон дар ҷаласаи пагоҳирузӣ ва дарси лексионӣ бо донишҷуёни гурӯҳҳои 22,23, 24,25,26 ва 27-уми курси 4 дар мавзӯъи "Рӯзи маъюбон", ки ҳамасола санаи 03.12.20с ҷашн гирифта мешавад, баромад намуда дар бораи баланд бардоштани ҳиссӣ хештаншиносӣ,  раҳму шафқат нисбат ба табиат ва инсон дар давоми 10 дақиқа сӯҳбат гузаронд. Дар давоми ҳафтаи равон мудири кафедра ва мутасаддӣ оид ба корҳои таълим, тарбия дар дарсҳои амалии донишҷӯён иштирок намуда бо донишҷӯён дар бораи риояи сару либоси тавсиявӣ, истифода накардани телфонҳои мобилӣ дар дарсҳо ва роҳҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), риояи гигиенаи шахсӣ дар ҳаҷми 5-10 дақиққа дар ҳар як гурӯҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд. Хулоса ҳамаи кормандон ва мудири кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ дар ҳафтаи равон дар ҷои кори худ буда машғули кор буданд.

Мудири кафедраи анатомияи

топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ, дотсент  -  Қурбонов Ҷ.М.  

04.12.2020     504

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php