Наврӯзи байналмилалӣ

Наврӯзи байналмилалӣ

Дар ҳуҷраи лексионии кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ бо ташабусси мутасаддии кафедра оид ба корҳои  тарбиявӣ Мусоев Д.А. ва муаллими калон Мансуров Ҳ.Н., оид ба ҷашни Наврӯз ва пешвозгирии фасли баҳор, ки бедоршавии табиат мебошад, чорабинии фарҳанги баргузор карда шуд.

Дар ҷамъомад ассистенти кафедра н.и.т. Расулов Н.И. дар бораи таърих ва унсурҳои Наврӯз маърӯза намуд, ки аз тарафи донишҷӯён хело хуб пазируфта шуд. Ҳамзамон, мудири кафедра дотсент Қурбонов Ҷ.М. баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомадро бо фарорасии иди Наврӯз ва фасли баҳор табрику таҳният намуд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи донишҷӯён ба ҳозирин шеъру таронаҳо дар мавзӯи баҳору Наврӯзи хуҷастапай тақдим карда шуд. Чорабинӣ дар муҳити идона ва бо хотири болида анҷом ёфт.

Кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ 

19.03.2021     396

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php