Корҳои фарҳангиву фаҳмондадиҳӣ дар кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ

Корҳои фарҳангиву фаҳмондадиҳӣ дар кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ

Тибқи супориши раёсати МДТ “ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино” дар бораи фаъолияти кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ дар байни донишҷуёни курси 4-уми факултетҳои тиббӣ, педиатрӣ ва курси 2-юми факултети стоматологӣ корҳои фарҳангиву фаҳмондадиҳӣ ба сомон расонида шуданд.

Дар давоми ҳафтаи равон мудири кафедра Қурбонов Ҷ.М. ва мутасаддӣ оид ба корҳои таълим ва тарбия дар дарсҳои амалии донишҷӯён иштирок намуда, бо донишҷӯён дар бораи риояи сару либоси тавсиявӣ, истифода накардани телфонҳои мобилӣ дар дарсҳо ва роҳҳои пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) дар ҳар як гурӯҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Мудири кафедра бо ҳайати омӯзгорон дар ҷаласаи пагоҳирузӣ ва дарси лексионӣ бо донишҷуёни гурӯҳҳои 61,62, 63,64 ва 65-уми курси 4 дар мавзӯъи маъракаи сиёсии савгандёдкунии Сарвари давлат, дар бораи баланд намудани ҳисси хештаншиносиву ғурури миллӣ сӯҳбат намуд.

Омӯзгори кафедра Мусоев Д. А. бо донишҷуёни курси 4-ум гурӯҳҳои 63 ва 64-ум бахшида ба иди Меҳргон мизи мудаввар баргузор намуда, дар бораи таърихи ҷашни мазкур баромад намуд. “Гузаштагони мо ҳамасола баъд аз ҷамъоварии ҳосили дастранҷи худ иди Меҳргонро ҷашн мегирифтанд. Дар ин ид онҳо ба хонаҳои якдигар меҳмон шуда, якдигарро табрик мегуфтанд, аз баракату пурфайзии ҳосили сол тавсифҳо менамуданд. Мардуми тоҷик “аз нуги хамир фатир” гуфтагӣ барин, аз меваю зироат ва сабзавоти ҷамъовардаи худ ба якдигар ва фақирону бечорагон тақсим менамуданд. Меҳргонро бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирифтанд...”

Донишҷӯён аз мӯҳтавои баромади устод бори дигар аз қадимулайём дорои фарҳанг ва анъанаҳои неки инсонӣ, саховатманд, заҳматкаш ва меҳнатдӯст будани мардуми тоҷик бархурдор гаштанд.

Мудири кафедраи анатомияи

топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ дотсент - Қурбонов Ҷ.М.

31.10.2020     398

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php