Ҷаласаи кафедра пеш аз оғози нимсолаи дуввуми соли хониши 2020-2021

Ҷаласаи кафедра пеш аз оғози нимсолаи дуввуми  соли хониши 2020-2021

23.01.21с бо иштироки кормандони кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ ҷаласаи навбатии кафедра баргузор гардид. Дар ҷаласа мудири кафедра оид ба ворид намудани маводҳо барои малакаҳои амалии донишҷӯён дар журнали электронӣ сухан ронда, баҳри иҷрои ҳар чи зудтари супориши мазкур дастур дод.

Ҳамчунин донишҷуён ва омӯзгорон санаи 26.01.21с дар толори лексионии кафедра ва маҷлисгоҳи донишгоҳ ҷамъ омада, ироаи Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмонро тариқи телевизион тамошо ва гӯш намуданд.  Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҳуҷҷати муҳим дурнамои яксолаи рушду инкишофи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишварро муайян месозад. Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои муҳимми кишвар ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Мо баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро боз ҳам баланд хоҳем  бардошт.

Кафедраи анатомияи топографӣ ва амалияи ҷарроҳӣ

30.01.2021     324

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php