Фаъолияти таълимӣ


Дар давраи ҳисоботӣ кафедра донишҷӯёни курсҳои 4, 5, 6-уми факултаи тиббӣ, 4-уми факултаи дандонпизишкӣ таҳсил карданд. Фанҳои акушерӣ ва гинекологи дар давоми 2-нимсола омӯзонида мешуданд ва дар нимсолаи якум санҷиш, дар курсҳои 4-ум   5-ум ва 6-уми факултаи тиббӣ дар нимсолаи дуюм имтиҳон супорида мешавад. Барои донишҷӯёни курси 4-уми факултаи стоматологӣ ҳардуи ин фанҳо дар давоми 1 семестр гузаронида ва санҷиш карда мешаванд. Машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ гузаронида мешаванд. Машғулиятҳо дар кафедра аз рӯи талаботи стандартҳо ва барномаи таълимии тасдиқшуда ҷараён мегирад.

Дар ҷараёни дарсҳои амалӣ донишҷӯн 2 маротиба ба Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ бурда шуда, дарсҳо дар ҳамон ҷо мутобиқи хронометражи дарсӣ гузаронида мешаванд.

Машғулиятҳои амалӣ ва лексионӣ дар кафедра аз рӯи барномаҳои таълимӣ бо дарназардошти технология ва дастурҳои методии нав бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо истифодаи дастгоҳи мултимедӣ гузаронида мешаванд. Аз соли ҷорӣ 0,75 воҳиди корӣ барои донишҷӯёни бо забони англисӣ таҳсил мекарда ҷудо карда шуд. Машғулиятҳои амалиро барои донишҷӯёни гурӯҳҳои англисӣ муаллими кафедра Бобҷонова.О.Б, Мастонова Т.С, Шербадалова А.А, мегузаронад. Барои гузаронидани машғулиятҳо нақшаи мавзӯъҳои дарсҳои амалӣ ва лексионӣ, хронометраж барои ҳар як мавзӯъ, дастурҳои таълимӣ ва методӣ барои омӯзгорон ва донишҷӯён, номгӯи адабиётҳо ва саволномаҳои тестӣ тайёр буданд. Матни лексияҳо аз ҷониби лекторон мунтазам аз нав дида баромада мешаванд. Матни лексияҳо бо 2 забон дар китобхонаи илмии донишгоҳ маҳфуз мебошад. Қайд кардан лозим аст, ки аз тарафи кормандони кафедра 2 намуди лексия бо тариқи проблемавӣ гузаронида мешаванд.

Машғулиятҳои амалӣ дар дарсхонаҳо бо усулҳои пурсиши шифоҳӣ, тестӣ ва ҳалли масъалаҳои вазъиятӣ, инчунин бо муоинаи беморон дар бистари онҳо гузаронида мешуд. Ҳуҷраҳои корӣ бо компютерҳо (кафедравӣ ва шахсӣ) ҷадвалҳо, расмҳо, китобҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ ва методӣ (чопӣ ва электронӣ) муҷаҳҳаз буданд. Санҷишҳои назариявиро донишҷӯёни курси 4 ва 5-уми факултети тиббӣ дар Маркази ягонаи тестии донишгоҳ месупоранд.



Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php