Шӯрои олимони факултети тиббӣ

Моҳи феврали соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони факултети тиббӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи кафедраҳои курси 4-ум: АГ №1, асабшиносӣ ва асосҳои ирсияти тиббӣ, бемориҳои дарунии №1 оиди фаъолияти таълимӣ илмӣ ва тарбиявӣ дар соли таҳсили 2019-2020 шунида шуд.

Инчунин дар ҷаласа декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М. оид ба даври фаъоли сессияи зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 баромад намуд. Ӯ қайд намуд, ки нисбат ба соли гузашта миқдори баҳоҳои хубу аъло 6% зиёд шуда, баҳои ғайриқаноатбахш ба 1,3% кам гаштааст. Дарсазхудкунии мутлақ 83,6%-ро ташкил кард, ки ин нисбат ба соли гузашта ба 1,4% баланд мебошад. Дар навбати худ сифати таълим 32,6%-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта ба 7,4% баланд мебошад.

Дар ҷаласа аспиранти кафедраи эндокринология, унвонҷӯи кафедраи бемориҳои ҷарроҳии №1, докторант PhD-и кафедраи травматология, ортопедия ва ҷарроҳии ҳарбӣ-саҳроӣ мавзӯи рисолаи номзадияшонро тасдиқ намуданд.

02.03.2021     457

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php