Иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ

Иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ

Муовинони декан Арабзода С.Н., Иргашева Ҷ.З., Зуҳурова П.М., Ахмедов Ф.С., Замунов О.А. Хоҷимуротова Ф.Т. бо ҳамроҳии 100 нафар донишҷӯдухтарони курсҳои 2-юм ва 3-юм дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябри соли 2020 таъйин гардидааст, дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ширкат варзиданд.

Дар чорабинӣ аз донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок карда, ба арзандатарин номзад ва ҳизби сиёсӣ овоз диҳанд. Аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода бурда, саҳми назарраси худро дар рушди минбаъдаи кишвар гузоранд.

03.09.2020     517

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php