Илмат ба амал чу ёр гардад

Бо сипосгузорӣ аз ташаббусҳои ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо ҷавонони мо дар ҷодаи илмандӯзию ҳунаромӯзӣ пайи комёбию навовариҳои беназир ҳастанд. Президенти ғамхору маорифпарвари мо ба хотири дастгирии ҷавонон Маркази миллии тестӣ ташкил намуданд, то ҷавонони болаёқат ба таҳсил ҷалб карда шаванд. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони мо ин ғамхорию дастгириҳои Ҷаноби Олиро самаранок истифода мебаранд. Инак, боз як иқдоме, ки Ҳукумати кишвар пеша кардааст, ин ҳавасмандгардонии довталабонест, ки аз ҳама балли зиёдро дар Маркази миллии тестӣ соҳиб шудаанд.

Санаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №6 бахшида ба Рӯзи Президент ба довталабони даҳгонаи беҳтарини имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар солҳои 2018-2020 бо сипосномаи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ва ин донишҷӯён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд: Ҷалолов Муҳаммадсодиқ - курси 3, Топилов Шаҳзод - курси 3, Шукуров Ҷаҳонгир - курси 3, Абдураҳимов Комрон – курси 3, Маҳмудов Даврон - курси 3, Урунов Бахтиёр - курси 3, Хайруллоева Нигора - курси 3, Тоҷибоев Зикриё - курси 3, Сайдалиев Фирдавс – курси 2, Муллоев Фазлиддин -курси 2, Соқиев Диловар - курси 2, Саодатов Шукрулло - курси 2, Бобоев Одил - курси 2, Нишонов Нозимҷон - курси 2, Қурбонзода Шоҳназар - курси 2 - факултети педиатрӣ.

Ин 15 нафар толибилми болаёқат, ин ташнагони дониш, илмдӯстони бозаковату бофаросат бо ҷидду ҷаҳд ва заҳмат дурри фазлу маърифатро соҳиб ва арзандаи номи бошарафи донишҷӯӣ гаштаанд.

Муовинони декан   Арабзода С. Н., Хоҷимуродова Ф. Т.

18.11.2020     1190

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php