Гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ ва пешгирии ҷавонон аз ташкил ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ

Гузаронидани чорабиниҳои  зиддиэпидемикӣ  ва пешгирии ҷавонон  аз ташкил ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ

Мутобиқи дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар робита ба иҷрои талаботи Протоколи ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси (СOVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.2020 № 22/ 91-25,  оид ба гузаронидани чорабиниҳои солинавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо, гузоштани арчаи солинавӣ ва дигар ҷамъомадҳоро дар муассисаҳои таълимӣ маън намуда, гузаронидани поккорӣ  дар  муассисаҳои таълимӣ, хобгоҳҳо, гуруҳии кории   деканати факултети тиббӣ бо сарварии декани факултет д.и.т.,профессор Хоҷаева Н.М., муовинони декани факултет Бурҳонова З.У., Замунов О.А., Раҳимова Д.С., Мансуров Ҳ.Н., Зокиров Р.А. ва Хоҷамуродова Ф.Т. аз шароити зист ва гузаронидани чорабиниҳои  зиддиэпидемикӣ  ва пешгирии ҷавонон  аз ташкил ва баргузории чорабиниҳои солинавӣ дар хобгоҳ, қаҳвахона ва тарабхонаҳо, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ва риояи  беҳдошти иҷтимоӣ   дар хобгоҳҳои № 4 - №6- № 7 суҳбату  вохӯриҳо ташкил намуданд. Зимни суҳбат муовинони декан  аз дастуру супоришҳои   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар робита ба иҷрои талаботи Протоколи ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавируси (СOVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ”, мисолҳо оварда, ба донишҷӯён муроҷиат намуда, даъват пешоварданд, ки  ҳамеша худро  аз қоидавайронкуниҳо дар канор гиранд ва вақти қиммати худро ба донишандӯзӣ сарф намоянд.

Дар охир намояндагони деканати факултети тиббӣ донишҷӯёнро бо фарорасии Соли нави  мелодии 2021 табрик намуда ба онҳо саломатӣ ва дар супордани санҷишу имтиҳонҳо муваффақиятҳо орзу намуданд.

Декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор  -  Хоҷаева Н.М. 

     


29.12.2020     433

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php