Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст

Фуруғи субҳи доноӣ  китоб аст

Китобдорию китобхонӣ хислати беҳтарини шахсони илмҷӯю илмдӯст аст. Мутолиаи китоб ин як санъатест, ки шахсро ботаҳаммул ботамкин, коршинос ва донишманд тарбия мекунад. Китоб маҳзани донишҳ аст. Ҳар нафаре, ки вақти холии худро бо китобхонӣ мегузаронад ва ё дар омӯзиши илме ба китоб рӯй меоварад, фаъолияти зеҳнии худро бештар намуда, мушкили худ ва дигаронро осон мекунад.

Маҳз ба хотири пешрафти ҷомеа ва тарбияи хештаншиносии ҷавонон, бедор кардани меҳр ба китоб ва илмомӯзӣ рӯзи 4 феврали соли 2021 нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар саҳни ҳавлии “Иттифоқи нависандагон”-и шаҳри Душанбе намоиши китоб доир карданд.

Дар ин чорабинӣ муовини декани факултети тиббӣ бо намояндагони кафедраҳои марбути факултети тиббӣ иштирок доштанд. Ташкилкунандагони намоиш намунаҳои адабиёти классик ва муосирро ба маърази тамошои донишҷӯён пешкаш намуда буданд. Як қатор адабиёти илмии тозанашри тиббӣ низ ба забони давлатӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Донишҷӯёни МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, дар ин чорабинӣ ҳузур доштанд, аз ин китобҳо харидорӣ намуданд ва китобхонаи илмии худро бой гардониданд.

Муовини декани факултети тиббӣ  -  Бурҳонова З.У.

06.02.2021     554

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php