Нимаи дуюми асри 20 дар ҷумҳириамон зарурати омода сохтани кадрҳои тибӣ-педиатрӣ афзуд. Он вақтҳо аз сабаби набудани факултаи педиатрӣ дар донишгоҳ табибон-педиатрҳо аз ҳисоби донишҷуёни факултаи муолиҷавӣ бо роҳи таъсиси субординатура дар назди кафедраи бемориҳои кудакона тайёр карда мешуданд, ки ин кор аз соли 1941 ба роҳ монда шуда буд.

Дар соли таҳсили 1958-1959 бари аввал факултаи педиатрӣ таъсис дода шуд, ки ба он дотсент А.М. Пилосов сарварӣ мекард, ки мавсуф дар ташкил ва рушди факултет нақши босазо гузоштааст. Бо мақсади вусъат бахшидани раванди омодасозии табибон-педиатрҳо аз ҳисоби беҳтарин донишчуёни факултаи муолиҷавӣ курсҳои 2 ва 3-и факултаи педиатрӣ ташкил шуд. Худи ҳамон сол аввалин қабули мустақилонаи 76 нафар донишҷуён ба факултет гузаронида, аввалин кафедраи факултети педиатрӣ таъсис дода шуд, ки ба он Г.Е. Лёвина роҳбарӣ мекард. Баъдтар, соли 1964 боз 2 кафедра - бемориҳои дарунӣ (мудираш М.Х. Бобохоҷаев) ва ҷароҳии кӯдакон (мудираш А.Т. Пӯлотов) таъсис ёфтанд.

Ба ҳайси декани факултет чунин олимони на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он машҳури соҳаи тиб, ба мисли дотсент Н.Ҳ. Ҳошимов (1960-1965), профессор Ф.А. Абдураҳмонов (1965-1969), профессор Ю.И. Датхоев (1969-1975), дотсент М.К. Каримов (1981-1992), профессор Н.Ф. Файзуллоев (1993-1996), аз соли 1996 бо сабаби муттаҳидсозии факултетҳои муолиҷавӣ ва педиатрӣ ин вазифаро дотсет Р.Ш. Ашурова (1996-2000) ба уҳда дошт, баъдан дар ин вазифа Д.С. Шерматов ва дотсент Л.А. Бобоева (2005-2009) ифои вазифа намудаанд. Дар соли таҳсили 2014-2015 дар донишгоҳ фаъолияти факултети педиатрӣ аз нав ба роҳ монда шуд ва роҳбарии факултетро профессор М.С. Табаров (2014-2020) ба зиммаи худ гирифт.

Айни замон (аз феврали соли 2020) факултетро Усмонова Г.М. сарварӣ мекунад.

Дар тӯли фаъолияти факултети педиатрӣ донишгоҳ бештар аз 6000 нафар табибон - педиатрҳоро тарбия намуда, ба хизмати халқу Ватан сафарбар намудааст.

Олимон, ки дар рушду инкишофи соҳаи педиатрии мамлакат нақшаи босазо гузоштаанд, ҳамеша дар ёд дорем ва хотираашонро пос медорем, инҳо М.М. Яқубова, С.М. Кабулова, А.М. Миракилова, А.Т. Пӯлотов, Б.Я. Вялушкин, З.Я. Абдуллохоҷаев, С.Б. Бобоев, Азизов А.А., Аминов Х.Ҷ. мебошанд ва дар тули ҷанд солҳо мудири кафедраҳои зертобеи факултети педиатрӣ будаанд.

Айни замон дар кафедраҳои факултети педиатрӣ олимон, профессорон ва дотсентоне ифои вазифа мекунанд, ки дар ташаккул ва рушди хадамоти педиатрияи ҷумҳурӣ саҳми бузург гузоштаанд, инҳо Якубова З.Х., Исмаилов К.И., Умарова З.К., Файзуллоев Н.Ф., Бабаева Л.А., Мамаджанова Г.С., Ходжаева Н.М., Саидмурадова Г.М., Давлатова С.Н. мебошанд. Олимони мо то имрӯз баҳри ҳимояи ояндаи мо - кӯдакони мо омода ҳастанд.

Таҷрибаи бойи табибии арбобони олимони мо имконият медиҳанд, ки мутахассис-табиб-педиатр тайёр кунем, ки дорои салоҳиятҳои системаи универсиалӣ ва касбӣ бошанд, ки барои расонидани ёрии тахассусии педиатрӣ ба аҳолии кӯдакон заруранд, барои фаъолияти касбӣ омода ва мустақил бошанд, пайваста, тибқи талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ донишҳои илмии худро такмил диҳанд ва дар амал татбиқ созанд.

Ояндаи кӯдакони мо бояд дар дасти шахсони боэътимод бошад.

Ба ҳайати факултет 15 кафедра, азҷумла 5 кафедраи соҳавӣ дохил мешаванд. Ҳайати профессорону устодони факултети педиатрӣ аз 236 нафар, аз ҷумла 24 (10,2%) доктори илм ва 72 (30,5%) номзади илм иборат аст. Аз онҳо 22 (9,3%) дорои унвони профессор ва 39 (16,5%) нафар дорои унвони дотсент ҳастанд. Миқдори ассистентҳо ба 128 нафар мерасад, муаллимони ҳамкор 35 мебошанд.


Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php