Вохӯрии садорати факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ бо донишҷўёни курсҳои 1-ум

Вохӯрии садорати факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятӣ бо донишҷўёни курсҳои 1-ум

Дар бинои асосии донишгоҳ вохӯрии намояндагони деканати факултети НТҶ бо донишҷӯёни курси 1-ум гузаронида шуд. Дар ҷаласа декани факултет Саидзода Б.И., донишҷӯёни соли аввалро барои сазовор гардидан ба унвони донишҷӯи МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” табрик намуда, оид ба низоми таҳсилот дар донишгоҳ, риоя намудани тартиботи дохилидонишгоҳӣ, сару либоси тавсиявӣ донишҷӯён , сари вақт ҳозир шудан ба дарсҳо суханрони карда, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас дод. Ҳамчунин дар ҷаласа оид ба нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ ва пешгирӣ намудан аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ аз ҷумла COVID-19 cуҳбат гузаронида шуд. Дар фарҷоми вохӯрӣ декани факултет ба донишҷӯён дар хониши минбаъда муваффақият орзу намуд.

Дар оѓози ҷаласа муовини декани факултети НТҶ донишҷўёнро бо кафедраҳои тахассусӣ ва ғайритахассусии таълимии донишгоҳ, ки дар бинои таълимии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино”, “Шифобахш” ҷойгир шудаанд, ошно намуд.

24.08.2020     448

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php