Вохӯрӣ бо донишҷӯёни тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда

Вохӯрӣ бо донишҷӯёни  тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкунанда

         Садорати факултети тибби профилактикӣ дар якҷоягӣ бо сардори шуъбаи тарбия - Абдураҳмонов З.В. ва муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда - Иргашева Ҷ.З. вохӯрӣ бо донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда гузаронид.

         Дар вохӯрӣ муовини декан оид ба донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ – Иргашева Ҷ.З. баромад карда, донишҷӯёнро бо натиҷаи сессияи имтиҳоноти зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 шинос намуд. Баҳри баланд бардоштани сифати таҳсили онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид. Ба ғайр аз ин доир ба муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбат намуда, изҳор дошт, ки донишҷуёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда ҳамеша зери дастгирии ҳамаҷонибаи раёсати донишгоҳ қарор доранд.

         Дар рафти суҳбат сардори шуъбаи тарбия - Абдураҳмонов З.В. баромад намуда, ба донишҷӯён дар бораи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», инчунин Консепсияи миллии тарбия маълумот дод.

         Дар анҷоми вохӯрӣ декани факултет дар масъалаи хатару таҳдиди терроризм ва ҷалбшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ – интернетӣ фаъолият мебаранд сухан ронда, ба донишҷӯён ҳушёр будану зиракии сиёсиро аз даст надодан хотирнишон шуд.

        Ҳамзамон риоя намудани тартиботи дохилидонишгоҳӣ, сару либоси тавсиявии донишҷӯён, сари вақт ҳозир шудан ба дарсҳо, нигоҳ доштани гигиенаи шахсӣ ва пешгирӣ намудан, аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла COVID-19 ва тартибу интизом дар хобгоҳҳо мавриди баррасӣ қарор ёфт.

08.04.2021     407

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php