Тозагӣ-гарави саломатист

Тозагӣ-гарави саломатист

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани шанбегиҳо, санаи 03.04 соли 2021, садорати факултети тиббӣ-профилактикӣ, бо донишҷӯёни факултет дар бинои таълимии шаҳраки «Шифобахш» шанбегӣ гузаронида шуд.

Мо низ назди биноҳоро тозаву озода намуда, бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳаншиносӣ, барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва нарм намудани бехи онҳо, дастаҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирду атроф, кӯшиш ба харҷ дода, ҳамзамон корҳои ободониву созандагиро дар ҳудуди шаҳрак то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома медиҳем. Ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи шаҳр ба инсоният вобастагии комил дошта, пос доштани табиату манбаъҳои он қарзи шаҳрвандии мост.

05.04.2021     869

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php