ХИЁНАТ БА ВАТАН-ХИЁНАТ БА МОДАР АСТ

ХИЁНАТ БА ВАТАН-ХИЁНАТ БА МОДАР АСТ

Аз хиёнат гарист бадномӣ,

В-аз бадӣ ҳаст, бесаранҷомӣ. 

Н. Ганҷавӣ  

Дар толори лексионии Раҳимов Я.А.-и бинои асосии донишгоҳ садорати факултети тиббӣ-профилактикӣ якҷоя бо кафедраи беҳдошти муҳити зист ва донишҷӯёни факултет қисми 1-ум ва 2-юми филми мустанади “Хиёнат”-ро тамошо намуданд.    

Аз тамошои ин филмнома бармеояд, ки баъзе ҳамватанони мо (онҳоро ҳамватан гуфтан ҳам нашояд) фирефтаи макру ҳиллаҳои мормонанди ҳоҷагони хориҷии худ гашта, ба ташкилотҳои террористӣ шомил шудаанд ва ба Ватану миллати хеш хиёнати нобахшиданӣ кардаанд.

Пас аз тамошои филм ассистенти кафедраи беҳдошти муҳити зист Шарипов С.Ф. дар мавриди филми “Хиёнат”, сухан ронда, қайд намуд, ки ҳарчанд имрӯз хоинони миллати тоҷик дар Аврупо қарор гирифтаанду худро дар амн меҳисобанд, аммо ин пиндори онҳо иштибоҳе беш нест, зеро барои кирдори нангини хеш ҳатман ҷавоб хоҳанд дод.     

Садорати факултети тиббӣ-профилактикӣ якҷоя

бо кафедраи беҳдошти муҳити зист

09.03.2021     410

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php