Донишҷӯёни факултети НТҶ шанбегӣ гузарониданд

Донишҷӯёни факултети НТҶ шанбегӣ гузарониданд 15 феврал кормандон ва донишҷӯёни курси 1-уми ва 2- юми факултети нигоҳдории тандурустии ҷамъиятии донишгоҳ дар баробари донишҷӯёни дигар факултетҳо дар атрофи бинои таълимии шаҳраки “Шифобашх” шанбегӣ гузарониданд. Дар шанбегӣ ҳамаи 60 нафар донишҷӯёни курси 1-уми ва 2-юми факултети нигоҳдории тандурустии ҷамъиятии донишгоҳ бо рӯҳияи баланди шаҳрвандӣ ва ватандӯстдорию миллатпарварӣ иштирок карда, роҳравҳоро тоза карданд, қитъаҳои заминҳои барои гулгаштҳо омода карда шударо аз сангу хазон тоза карданд. Донишҷӯёни факултети нигаҳдории тандурустии ҷамъиятии донишгоҳ дар шанбегӣ таҳти роҳбарии декани факултет Саидзода Б.И. ва муовини декани факултет Ҳурматов Б. Х. иштирок карда, барои сарсабзу хуррам кардани боз як гӯшаи пойтахти ватани азизамон саҳмгузорӣ карданд.
18.02.2020     708

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php