Озмӯни «Беҳтарин ангораи солинавӣ»

Озмӯни «Беҳтарин ангораи солинавӣ»
Ба муносибати фарорасии ҷашни Соли нави мелодии 2020 садорати факултети фармасевтӣ дар байни донишҷӯёни факултет озмӯни «Беҳтарин ангораи солинавӣ» - ро эълон намуд, ки он аз тарафи донишҷӯён ба хушӣ пазируфта шуд. Барои баргузории озмӯни мазкур аз тарафи донишҷӯёни факултет якчанд наққошиву нигораҳое, ки баёнгари фарорасии Соли нави мелодӣ буданд, пешниҳод карда шуд, ки аз миёни онҳо беҳтаринашон ба ҷойҳои ифтихории 1 – ум, 2 – юм ва 3 – юм сазовори дониста шуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмӯн ҷойи якум насиби донишҷӯи курси 2, гкрӯҳи 3 Набиева Заррагул, ҷойи дуюм насиби донишҷӯи курси 2, гурӯҳи 3 Раҷабова Ӯғулой ва ҷойи сеюм насиби донишҷӯи курси 3, гурӯҳи 5 Ҳусенов Сарвар сазовор дониста шуд.
Деканати факултети фармасевтӣ
09.01.2020     675

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php