Дарси тарбиявӣ

Дарси тарбиявӣ

Санаи 13 – уми ноябри соли 2020 дарси тарбиявӣ – ғоявӣ бо донишҷӯёни курси 2 – юми факултети фармасевтӣ гузаронида шуд. Дарси мазкур бо роҳбарии куратори гурӯҳ муаллими калони кафедраи фармакогнозия ва ТИФ Борониева Н.С., ва бо иштироки ассисстенти кафедра Миров С.Ш. ва муовини декани факултети фармасевтӣ Талбов Ф.Ш. баргузор гардид.

Дар ин дар Талбов Ф.Ш. баромад намуда, оиди Конститутсияи Ҷуммҳурии Тоҷикистон, тарихи қабули он, Қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои соҳавӣ дар бораи маорифу тандурусӣ ва фаъолияти фармасевтӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди қабул ва татбиқ намудани қонунҳои ҶТ суханронӣ намуда, саҳми онҳоро дар зиндагии рӯзмарраи донишҷӯёну шаҳрвандон ва ҷомеаи кишвар шарҳу тавзеҳ дод.

Зикр гардид, ки ҷавонону донишҷӯён дар навбати худ бояд пайрави чунин сиёсати хирадмандонаву мароифпарваронаи Пешвои миллат бошанд ва барои дар оянда мутахассиси хуби соҳа гардиданашон кушишу ғайрати худро ба харҷ дода, саҳми худро дар пойдории фазои сулҳу оромӣ ва осудагии кишвари Маҳбубамон гузоранд.

Баъдан, бо донишҷӯён саволу ҷавоб баргузор гардид, ки дар навбати худ донишҷӯён аз ин саволу ҷавобҳои баргузоршуда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Муовини декани факултети фармасевтӣ Талбов Ф.Ш.

13.11.2020     573

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php