Баргузории маҳфили илмӣ дар Бинои фармасевтҳо

Баргузории маҳфили илмӣ дар Бинои фармасевтҳо

Санаи 25.11.2020 с. тибқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ садорати факултети фармасевтӣ дар якҷоягӣ бо МТИИ “Фарматсия” дар доираи Барномаи ҳафтаи аврупоии истифодаи маводҳои зиддибактериявӣ маҳфили илмӣ баргузор намуданд. Дар маҳфили мазкур муовинҳои ректор оид ба корҳои муолиҷавӣ н.и.т., дотсент Қобилов Қ.К., оид ба илм ва нашрия д.и.т., профессор Муҳаббатов Ҷ.Қ., мудирони ҳамаи кафедраҳои тахассусӣ ва тобеъи факултет ва инчунин мудири кафедраи микробиология иштирок намуданд. Дар кори маҳфили мазкур, ки бо иштироки бевоситаи олимони соҳа ва донишҷӯёни курсҳои 1 – 5 – уми факултети фармасевтӣ гузаронида шуд, декани факултет н.и.т., дотсент Юлдашева У.П., д.и.т., профессор Сатторов С.С. (мудири кафедраи микробиология), Аҳророва М.О. (МТИИ “Фарматсия”), Расулова Ф. (кафедраи фармакология) ва донишҷӯёни курси 4 – ум Файзова Ҷ. ва Аминова Д. маърӯзаҳои худро вобаста ба мавзӯъҳои дахлдор пешкаши ҳозирин гардониданд, ки аз ҷониби иштирокчиёни маҳфил хуб пазируфта шуд.

Дар поёни маҳфил донишҷӯён бо маърӯзачиён саволу ҷавоб намуданд ва донишҷӯёни фаъолтарин бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

28.11.2020     482

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php