Маълумоти асосӣ

Номи пурра донишгоҳ: Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино
Номи кӯтоҳи донишгоҳ: ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино
Суроғаи донишгоҳ: 734003, ҶТ, ш.Душанбе, н.Сино, куч.Сино 29-31
Қабули ректор: (+992) 37 224-45-83
Суроғаи электронӣ: info@tajmedun.tj
Телефон-факс:  (+254) 774-528-569
Телефони мо: (+992) 44 600 36 21

Дар бораи донишгоҳ

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (ДДТТ) аз парчамдорони таҳсилоти олии тиббӣ буда, яке аз марказҳои калонтарини таълимӣ ва илмию амалии кишвар, донишгоҳи пешқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши мутахассисон дар соҳаи тиб ва дандонпизишкӣ ба ҳисоб меравад. ДДТТ дорои биноҳои замонавӣ, дармонгоҳҳо ва озмоишгоҳо мебошад, ки дар он 5 факултет фаъолият мекунанд: факултети тиббӣ, педиатрӣ, дандонпизишкӣ, фармасевтӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ. Донишгоҳ потенсиали педагогӣ ва кадрии дар сатҳи олӣ дорад. Дар 63 кафедра мутахассисони дорои малакаҳои махсуси педагогӣ вуҷуд доранд: 7 академикон ва аъзоёни Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 297 докторҳо ва номзади илмҳои тиб, профессорҳо, табибони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони бонуфуз, лауреаттҳои мукофотҳои давлатӣ ва байналмилалӣ.
Кафедраҳо ва марказҳои дармонии донишгоҳ мутахассисони баландихтисосро дар ҳамаи соҳаҳои тибби муосир гирд меоваранд. Марказҳои дармонӣ аз усули баланди пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои гуногун бархурдор мебошанд, ки назири он вуҷуд надорад. Таҷрибаи дарозмуддат ва потенсиали илмии гурӯҳҳои кафедраҳои ДДТТ имкон медиҳанд, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи афзалиятноки миллии «Сифати тандурустӣ » дар соҳаи тандурустӣ фаъолона кор карда, усул ва равияи беназирро барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат пешниҳод намояд.
Донишгоҳ мутахассисони баландихтисосро дар соҳаи тиб бо истифодаи технологияи муосир, ки сифати баланди таълимро кафолат медиҳанд тайёр мекунад; барномаҳои омўзишии касбии дастаҷамъиро инкишоф медиҳад, вазифаҳои Вазорати маорифро оид ба рушд ва коркарду ташаккули меъёрҳои давлатии таълимиро амалӣ менамояд, дар доираи васеи барномаҳои таълимӣ талаботи эҳтиёҷоти шахсӣ, давлат ва ҷомеаро таъмин менамояд.
Дар нашри китобҳои дарсӣ ва замонавӣ, ки аз ҷониби кормандони пешбари илмии ДДТТ таҳия карда шудаанд, усулҳои инноватсионии таълими донишҷӯён ба кор бурда мешаванд. Дар китобхонаи ДДТТ каталоги электронии 142,000 адад маводи захирашуда таҳия ва мавриди истифода дода шудааст, ки барои ҷустуҷӯи босуръати адабиёти зарурӣ имкон медиҳад.
Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ 660,669 нусхаи китобҳоро доро аст, ки аз он 501,531 нусха таълимӣ, илмӣ ва бадеӣ ва 247,626 он захираҳои электронии китобҳои гуногун мебошанд. Нишондиҳандаи Шӯъбаи Хадамоти Китобхона ба 278.807 нусха расид; Сатҳи иштироки истифодабарандагони китобхона ба 167,199 расид. Таъмини китобхонаи донишгоҳ бо адабиёти таълимӣ ба забони давлатӣ 100%, ба забони русӣ - 180% мебошад. Аз ҷониби кормандони Донишгоҳ 80 номгӯи китобҳои таълимӣ ба забони давлатӣ дар ҳаҷми тақрибан 11,000 нусха нашр ва таҳия шудаанд.
Дар ҷараёни таълимот дар донишгоҳ истифодабарӣ аз технологияи компютерӣ ба таври васеъ амалӣ мегардад. Намунасозии бемориҳои гуногун бо истифода аз фановарии мултимедиявӣ, сатҳи баланди лексияҳои визуалӣ, аз ҷумла сохтани барномаҳои назаррас барои назорати сатҳи дониш ва худомодагии донишҷӯ ба гирифтани дониши устувор ва баланд мусоидат мекунанд.
Тайёрии босифат ва системаи назорати фаъолияти таълимии мутахассисон дар ДДТТ дар муддати тӯлонӣ эътибори шоистаи хатмкунандаи донишгоҳро дар кишвари мо ва хориҷ аз он ба таври назаррас таъмин менамояд. Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ, донишгоҳ мақоми баландро соҳиб гардид ва хоҳиши донишҷӯён барои таҳсил дар донишгоҳи мо сол ба сол афзоиш меёбад. Донишгоҳ аз миёни довталабон беҳтаринҳоро интихоб менамояд. Беҳтарин аз беҳтарини довталабон мақоми донишҷӯи донишгоҳи ДДТТ –ро ноил мегардад.
Муҳимтарин раванд дар донишгоҳи мо, ба мисли дигар донишгоҳҳо, тартиботи иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсия мебошад, ки сафарбар намудани тамоми қувва ва захираҳои муассисоти таълимиро талаб менамояд. Тақрибан ду сол, ҳамаи факултетҳо ва кафедраҳои ДДТТ барои санҷиши ҳамаҷонибаи фаъолияти худ тайёрӣ медиданд. Ин санҷише, ки аз ҷониби комиссияи бонуфуз бо иштироки олимони шинохташуда, мақомоти номдори соҳаи тандурустӣ ва маориф гузаронида шуда буд, дар охири соли 2014 анҷом ёфт ва бо қарори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 31 аз 16 январи соли 2015 донишгоҳи мо бо дарёфти иҷозатнома ба мӯҳлати 5 сол мақоми «донишгоҳро» ҳифз намуд. Илова бар ин, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм иҷозатнома барои гузаронидани чорабиниҳои таълимӣ дар соҳаи маорифи тиббӣ ва фармасевтӣ таҳти № 3 аз 16 июни соли 2014 то 16 июни соли 2019 дода шудааст. Албатта, ин натиҷаҳое, ки ба дастаи мо қувваи тоза мебахшанд, мо онро ҳамчун далели устувор дар доштани гурӯҳи касбӣ илмии омӯзгорони кафедраҳо, кормандони шӯъбаҳои тиббӣ ва тадқиқотии ДДТТ, инчунин дурустии интихоби афзалиятҳо ва вазифаҳо, роҳҳои расидан ба онҳо, медонем.
Барои ноил шудан ба вазифаҳои асосӣ дар соҳаи фаъолияти илмӣ, донишгоҳ тадқиқоти васеъ ва амалӣ оид ба равандҳои биологӣ ва иҷтимоӣ, механизмҳои рушд ва раванди бемориҳоро мегузаронад ва барномаҳои пешгиронаи ҳифзи тандурустӣ ва сифати баланди ҳаётро дар Тоҷикистон инкишоф медиҳад.
Дар ДДТТ, илова ба фаъолияти ҷолиб, ҳаёти донишҷӯӣ ба таври фаъол мегузарад. Кормандони кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДДТТ тамоми шароитҳоро барои ташаккули мутахассисони баландихтисос, ки нафақат дорои хислатҳои касбӣ мебошанд, инчунин қобилияти фаъолият дар даста доранд, муҳайё месозанд. Принсипҳои худидоракунӣ, ки дар он фазои иттифоқҳои касабаи донишҷӯён бунёд ёфтааст, воситаи муассири ташаккул додани анъанаҳои ДДТТ мебошад, ки ба рушди шахсияти муваффақ ва умуман донишгоҳ мусоидат мекунад.
Донишгоҳ тамоми шароити заруриро барои баланд бардоштани сатҳи фарҳангии донишҷӯён ва рушди ҳамаҷонибаи табиби оянда таъмин мекунад. Бо ин мақсад гурӯҳҳои эҷодӣ, клубҳои варзишӣ, дастаҳои донишҷӯён, КВН, ки ҳама гуна ҷанбаҳои зоҳирии истеъдодро инъикос мекунанд, таъсис шудаанд. Қисми муҳим дар ташаккули табиби ҳақиқӣ ин муносибати вижа ба пиронсолон ва хурдсолон, изҳори ҳамдардӣ ва хоҳиши кӯмак кардан мебошад.
Дар донишгоҳи мо, дар партави рушди технологияҳои инноватсионӣ, дарки нави мазмуну мундариҷаи фазои таълимӣ ташаккул меёбад, ки шаклҳои суннатӣ, усулҳо, равишҳо ва воситаҳои таълимиро ба ҳам муттаҳид мекунад. Ҳамаи ин имкониятҳои нави омӯзиш, мониторинг ва арзёбӣ кардани дониши донишҷӯён, баланд бардоштани имкониятҳои таҳқиқотӣ ва рушди донишгоҳҳо, ҷорӣ намудани моделҳои нави идоракуниро фароҳам меоварад.
Ҳамаи фаъолиятҳои донишгоҳ барои он равона шудааст, ки ҷавононе, ки қисми ҷудонашавандаи Донишгоҳи мо гардидаанд, битавонанд дониши шоиста ва дипломро ба даст оранд, ба ояндаи касбиашон эътимод дошта бошанд ва беморони дармонгоҳҳои мо, комплексҳои табобативу профилактикӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ ба кӯмаки самараноки кормандони тиббие, ки бо стандартҳои байналмилалӣ мутобиқат доранд, таъмин гарданд.
Мақсади асосии донишгоҳи мо ноил гардидан ба натиҷаҳои баланд мебошад, ки мо бо кори ҳаррӯзаи худ дар ин самт талош намуда истодаем!

Гузариш ба саҳифаи:


C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php