Ташриф ва боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмони бинои асосии таълимии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Ташриф ва боздиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмони бинои асосии таълимии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

28-уми апрели соли 2017 Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони маъмӯрию таълимии бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино оғоз бахшиданд.

Дар ҳудуди объект сохтмони се бинои нави таълимӣ, чаҳор хобгоҳи 12-ошёна, майдонҷаи варзишӣ ва толори варзиш, ҳавзи оббозӣ, бинои озмоишгоҳ, майдони бозии теннис пешбинӣ шудааст. Дар назди даромадгоҳи асосии донишгоҳ пайкараи Абуалӣ ибни Сино барқарор карда шудааст.

Барои коркунон ва донишҷӯёни донишгоҳ боиси ифтихор аст, ки дар доираи ташаббусҳои созанда Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми апрели соли 2017 санги таҳкурсиро барои сохтмони нави маъмурӣ ва таълмиии ДДТТ гузоштанд. Сохмтони бинои 9-ошёнаи донишгоҳ, ки масоҳати умумиаш 15 900 метри квадратиро ташкил медиҳад, ба беҳтаргардонии раванди таълим ва сифати хониши муваффақи донишчӯён мусоидат менамояд.


28.04.2017 3572

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php