XIV-умин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

XIV-умин Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳамаи донишҷӯён ва олимони ҷавонро (то 35-сола) барои иштирок дар XIV-умин конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар мавзӯи: «Мубоҳисаи илмӣ: масъалаҳои мубрам, дастовардҳо ва инноватсия дар тиб», ки 19-уми апрели соли 2019 дар ш. Душанбе (Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор мегардад даъват менамояд.

Тарзи иштирок 

1. Танҳо нашри фишурдаҳо 

2. Нашри фишурдаҳо ва маърӯзаи шифоҳӣ 

3. Нашри фишурда ва маърузаи деворӣ

Дар конференсия маводҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қабул карда мешаванд.

Конференсия дар ҷаласаҳои сексионӣ доир ба чунин самтҳо сурат мегирад: 

1. Терапия
2. Ҷарроҳӣ
3. Педиатрия
4. Стоматология
5. Тибби назариявӣ
6. Фарматсия
7. Физика, химия, биология
8. Фалсафа ва филология
9. Тибби оилавӣ


Талабот ва тартиби иштирок дар конференсия

1. Барои иштирок дар конференсия фишурдаҳо мувофиқи талабот то 10 марти соли 2019 ба Шуъбаи илм ва инноватсия ба нишонии зерин пешниҳод карда шаванд: ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 139, ҳ. 214, рӯзҳои душанбе - ҷумъа аз соати 13:30 то 17:00;

2. Шакли электронии фишурда бояд мувофиқи ному насаби муаллифи якум нигоҳ дошта (масалан, Каримов А.А._ тезис.doc) ва дар шакли муайяни файл тартиб дода шуда, ба е-mail conference@tajmedun.tj равон карда шавад. Инчунин, қайди тарзи иштирок (бо маърӯза ё нашри мавод) дар конференсия ҳатмист;  

3. Миқдори муаллифон на зиёда аз 3 нафар. Шакли иштирок (1, 2, 3). Дархост барои маърӯза дар дохили фишурдаҳо нишон дода шавад;  

 4. Ба конференсия маводҳое қабул карда мешаванд, ки қаблан нашр нашудаанд. Ҳайати таҳририя маводҳои конференсияро дар шакли маҷмӯа нашр менамояд. Фишурдаҳое, ки ба талаботҳои муқарраршуда ҷавобгӯй нестанд, нашр карда намешаванд;

5. Баъди анҷоми конференсия маҷмӯаи маводҳои он нашр мегардад.


Талабот ба таҳияи фишурдаҳо:

Ҳатмист! Маводҳо бояд бо тарзи «муқаррарӣ», тариқи MS WORD – 1997-2003, 2007 таҳия шуда бошанд. Ҳаҷми мавод на зиёда аз як саҳифа, хуруф Times New Roman, андозаи ҳарфҳо 12, фосилаи байни сатрҳо 1,5; (барои ҳамаи ҳуҷҷатҳо) фосилаҳои тарафҳо 2 см. Истифодаи суратҳои ранга ва ҷадвалҳо дар матн манъ аст. Роҳбари илмӣ ба қатори муаллифон дохил намешавад. Дар фишурда бояд мақсад, мавод ва усулҳои таҳқиқот, натиҷа ва хулосаҳои он оварда шаванд.

Маълумот барои тамос:

Али-Заде Суҳроб Ғаффорович – ходими калони илмии Шуъбаи илм ва инноватсияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Тел.: +992 92 821 77 55; 44 600 36 30

Маҳмудов Хайём Рузибоевич – Раиси ҷамъияти илмии ҷавонони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Тел.: +992 90 100 44 43; 44 600 36 41


НАМУНАИ ФИШУРДА

ХУСУСИЯТҲОИ ТАШХИС ВА МУОЛИҶАИ ГИПОТИРЕОЗИ АВВАЛИЯ ДАР МИЁНСОЛОН

Ш.Д. Неъматова, Н.А. Иноятова, М. Астанова 

Кафедраи эндокринологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Тоҷикистон. 

Роҳбари илмӣ – д.и.т., профессор Анварова Ш.С.Мақсади таҳқиқот

Мақсади таҳқиқот

Мавод ва усулҳои таҳқиқот

Натиҷаи таҳқиқот

Хулосаҳо

ТАЛАБОТ БАРОИ МАЪРӮЗАҲОИ ДЕВОРӢ

Андозаҳои овезаи деворӣ: Тарҳ А1, чопи матн – китобӣ (841 х 594 мм). Дар қисмати болоӣ номи мақола, ки бо ҳуруфи ростхат ҳуруфчинӣ шудааст, (андозаи ҳарфҳо на камтар аз 48). Дар сатри поёнӣ ному насаби муаллифон, роҳбари илмӣ, номи муассиса, дар куҷо тадқиқот гузаронида шудааст (андозаи ҳарфҳо на камтар аз 36). Матни асосии маърӯза бо ҳуруфҳои ростхата (андозаи ҳарфҳо 18)

Қисматҳои овезаи деворӣ: Маводи маърӯзаи деворӣ бояд маълумотҳои зеринро дошта бошад: - Сархате, ки номи маърӯза, ному насаби маърӯзачӣ, ҷои кор ва ё макони таҳсили маърӯзачиро дарҷ менамояд; - муқаддима (аз рӯи имконият) - муҳимияти мавзӯъ, мақсад ва вазифаҳои тадқиқот; - усулҳои тадқиқот; - натиҷаҳо - хулосаҳо - маълумот оид ба татбиқи тадқиқот дар амалия ва ё дар раванди илмӣ (аз рӯи имконият)

Аёният: Расмҳо ва ҷадвалҳо бояд номгузорӣ шуда бошанд. Тарҳи расмҳо, ҷадвалҳо, баландии ҳуруф, ғафсии ҳуруф дар графикҳо ва ғ. бояд аз масофаи 2 м. хонда шаванд. Барои беҳбудии намуди зоҳирӣ истифодаи маводҳои ранга иҷозат дода мешавад.

Дар рафти муаррифии маърӯзаҳо бояд муаллифон дар назди овезаи девории худ хозир буда, ва барои ҷавоб додан ба саволҳои бамиёномада омода бошанд.

Кумитаи тадорукот


15.01.2019 1854

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php