Усулҳои муосири ташхис ва табобат дар соҳаи саратоншиносӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассиаи Давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии» Вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 25-уми октябри соли 2019 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 79 аз 1-уми марти соли 2019 «Дар бораи нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозимумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо» гузаронидани конференсияи ҷумҳуриявии илмию-амалӣ дар мавзўъи «Усулҳои муосири ташхис ва табобат дар соҳаи саратоншиносӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбини шудааст баргузор менамояд.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фишурдаҳо ва мақолаҳо ба суроғаи Муассисаи Давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ» ё ба суроғаи электронии E:mail: zorri@mail.ru пешниҳод намоед.
Талабот: ҳуруфи Times New Roman -12; интервал 1.5; тезиси бо ҳаҷми 1 саҳифаи чопӣ, мақола аз 3 то 5 саҳифаи чопӣ бе ҷадвалҳо ва расмҳо. Миқдори муаллифон зиёда аз 3 нафар, аз ҳар муаллиф то 2 фишурда ва 2 мақола гирифта мешавад.
Маълумоти муфассал дар шўъбаи илм ва инноватсия.

01.09.2019 768

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php