Саҳми олимони форсу тоҷик дар омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,дақиқ ва риёзӣ.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2021, №88 «Дар бораи Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуӯзода рӯзи 27-уми сентябри соли 2021 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар мавзӯи « Саҳми олимони форсу тоҷик дар омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,дақиқ ва риёзӣ» баргузор менамояд.
Аз ин рӯ, олимону муҳаққиқони муассиса метавонанд мақолаҳои илмии худро барои иштирок ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.
Почтаи электронӣ: akomili2006@mail.ru