Ҷоми раёсати ДССХ

          Раёсати МДТ “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат”  дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 02.03.2021, №09/2-94 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, инчунин бахшида ба ҷашни 30-солагии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат рӯзҳои 23-24 апрели соли 2021 озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “ Ҷоми раёсати ДССХ” эълон менамояд.

         Вобаста ба ин, хоҳишмандем дар доираи талаботҳои Низомномаи озмуни мазкур, руйхати ғолибони даври аввалро ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат баргузор мегардад то санаи 20.04.2021 ирсол менамудед.

 Маълумотхои лозимаро метавонед аз суроғаи зерин дарёфт намоед:

Email: dsx_ips@mail.ru    Web: www.dsx.tj
:
Ҷоми раёсати ДССХ:

13.04.2021 398

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php