Муҳтарам хонандагони китобхонаи илмӣ!
Ба диққати Шумо, адабиёти нав, ки ба фонди китобхонаи илмӣ ворид гардидааст, пешниҳод карда мешавад!
Файзуллоев, Н. Беморихои сироятии кудакон [Матн] :китоби дарсӣ / Н.Файзуллоев.- Душанбе, 2019. - 320 с. Дар китоби мазкур маълумоти муосир оид ба масъалаҳои умумии бахши сироятшиносӣ (дастовардҳо,холати кунунӣ,нақши микро-ва макро-организм дар пайдоиш, инкишов ва оқибатҳои ҷараёни беморӣ) ва тавсифи муфассал дар бораи этиология,эпидемиология, патогенез,аломатҳои клиникӣ, ташхис, ташхиси таф-риқавӣ,оризаҳо, табобат ва пешгири бемориҳои сироятии кӯдакон инъикос гардидааст.
Муллониёзи Сафари Одина. Одаму олам [Матн]: хотираҳо аз дафтари духтури ҳарбӣ/ Муллониёзи Сафари Одина.-Душанбе:Нашри Камол,2019.-444с. Табиби донишманд, доктори илми тиб,Ниёз Сафарович Одинаев пораҳои муҳимми зиндагиномаашро дар қолаби ёддошт таҳти унвони “Одаму олам (Хотираҳо аз дафтари табиби ҳарбӣ)” таълиф намудааст. Ҳангоми тасвир ва баёни воқеот ва ҳаводиси зиндагӣ муаллиф аз виҷдону инсоф ва мабонӣ ё принсипи воқеъбинӣ қарор гирифта, кушидааст, ки бар воқеот на чизе кам на чизе зам кунад.
Бо адабиёт метавонед дар китобхонаи илмӣ шинос шавед!
10.01.2020
751