Конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба 40-солагии МД «Пажугинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон»

Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» аз ҳамкориҳои доимӣ ва судманди Шумо изҳори сипос намуда, ба маълумоти Шумо мерасонад , ки тибқи қорори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 феврали соли 2020 таҳти №156, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии фаъолияти Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» гузаронидани Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалиро дар мавзӯи: « Ҷанбаҳои муосири муҳофизат ва барқароршавии функсияҳои репродуктивӣ – ро ба нақша гирифтааст, ки он дар моҳи октябри соли 2020 барпо мегардад.
Аз ин лиҳоз аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем , ки мақолаҳо, фишурдаҳо ва маърӯзаҳои кормандони Донишгоҳро ба Кумитаи тадорукотии конфронс пешниҳод намоед. Маводҳои конфронс дар маҷҷалаи «Мода рва кӯдак» нашр карда мешаванд. Муҳлати охирини қабули маводҳо то 10 сентябри соли 2020 (талабот ба мақолаҳо замима мегардад).
Маълумоти муфассар аз шӯбаи илм ва инноватсия дастрас намоед. 
E-mail: tniiagip @mail.ru

04.08.2020 694

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php