ЭЪЛОНИ Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки барои қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионӣ озмуни Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 эълон менамоем.
Ҳуҷҷатҳои лозимиро тибқи талаботи озмун, ки дар поён дар Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ оварда шудааст, то санаи 25-уми апрели соли 2020 ба муовинаи илм ва нашрия пешниҳод намоед.

НИЗОМНОМАИ
Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд
1.    Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд (минбаъд - Низомнома), талабот ва тартиби сарфароз гардонидан ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомониро (минбаъд - ҷоиза) муқаррар менамояд.
2.    Ҷоиза қадршиносии хизматҳои шоистаи олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар назди ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимону муҳаққиқони ҷавон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.
3.    Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои зерин бо ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд:
- натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-техникие, ки дар номгӯи самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд;
- коркарди намунаи техникаи нав ва технологияҳои инноватсионие, ки иқтидори истеҳсолии ҷумҳуриро таҳким бахшида, ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
4.    Довталаби ҷоиза дар соҳаи илм корманди муассисаҳои илмӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳсилоти касбӣ, мутахассиси соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мебошад, ки дар рушди илм саҳми арзанда гузошта, дорои дараҷаи илмӣ (номзади илм, доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат) буда, ба талаботи сархати якуми банди 3 Низомномаи мазкур ҷавобгӯ мебошад.
5.    Довталаби ҷоиза дар соҳаи техника, технология ва инноватсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои зеҳнии эътирофгардида соҳиб гардида, натиҷаи тадқиқоташ дар истеҳсолот ҳамчун навоварӣ татбиқ гардидааст, ба натиҷаи пешниҳоднамудааш ҳуҷҷати муҳофизатӣ дода шуда, ба талаботи сархати дуюми банди 3 Низомнома ҷавобгӯ мебошад.
6.    Довталаби озмун ҳуқуқи иштирокро то синни 35 дорад.
7.    Дастовардҳо барои дарёфти ҷоиза тавассути вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти касбии афзалиятдоштаи илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
8.    Нишондиҳандаҳои корҳои пешниҳоднамудаи довталаби ҷоиза дар соҳаи илм чунин баҳогузорӣ карда мешавад:
- доштани дараҷаи илмӣ (номзади илм, доктори фалсафа (PhD)доктор аз рӯи ихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат);
- моҳияти воқеии илмӣ ва илмию амалӣ доштани натиҷаҳои илмии таҳқиқот, кашфиёт ва ихтирооти пешниҳодшуда, интишор гардидан бо забонҳои давлатӣ ва хориҷӣ дар нашрияҳои илмии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ бо замимаи маводи тасдиқкунанда дар шакли электронӣ, сабтӣ ва аёнӣ;
- ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати татбиқшавӣ ва дар амал қарор доштани таҳқиқоти илмӣ;
- қарори муассисаи дахлдор оид ба пешниҳоди кори довталаб;
- на кам аз як сол мавриди амал қарор доштани таҳқиқоти довталаб;
- доштани ду мақола дар маҷмӯаҳои илмӣ бе ҳаммуаллифӣ, ки яке аз онҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии бонуфузи дохилӣ (Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, қарорҳои шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ё илмӣ) тасдиқ шуда бошад;
- доштани на кам аз 10 (даҳ) мақолаи илмӣ (ба мақолаҳои илмии бе ҳаммуаллифӣ чопшуда афзалият дода мешавад), ки аз он 3 (се) - тоаш дар маҷаллаҳои илмӣ, ки онро комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Федератсияи Россия эътироф намудааст ва яктоаш бо забони русӣ ва ё дигар забони хориҷӣ ба чоп расида бошад;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иштироки довталаб бо маърӯзаҳои илмӣ дар на кам аз 10 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 3 конференсияи байналмилалӣ.
9.    Нишондиҳандаҳои корҳои пешниҳоднамудаи довталаби ҷоиза дар соҳаи техника, технология ва инноватсия чунин баҳогузорӣ карда мешавад:
- қарори муассисаи дахлдор оид ба дастовардҳои илмии эътирофгардида;
- татбиқи коркардҳои инноватсионӣ дар самти рушди неруи инсонӣ, рушди инфрасохтор, амалан татбиқ кардани се самти стратегии рушди кишвар, кам кардани сатҳи камбизоатӣ, бехатарии фаъолияти инсон ва экология, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим ва таҳқиқотҳои илмӣ, истифодаи маводи навин бар ивази маводи мавҷуда, истифодаи технологияи иттилоотӣ, такмили сохти таҷҳизот ва мошинҳо, такмили конструксияҳои сохтмонӣ, бино ва иншоот, сарфаи энергия ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия, фаъолияти бонкӣ, менеҷмент ва маркетинг, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили фаъолияти меҳнатӣ, паст кардани таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (1 санад);
- мақолаҳои дар нашрияҳои тақризшавандаи комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Федератсияи Россия чопшуда (бе ҳаммуаллиф) (1 мақола);
- мақолаҳои дар нашрияҳои тақризшавандаи комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё Федератсияи Россия чопшуда (бо ҳаммуаллиф) (1 мақола);
- мақолаҳои дар нашрияҳои тақризшаванда бо забони русӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ ба чоп расида (1 мақола);
- мавҷуд будани ҳуҷҷати муҳофизатӣ (патент, дигар ҳуҷҷати муҳофизатӣ);
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дар истеҳсолот татбиқ шудани натиҷаи кори илмӣ ё коркарди инноватсионӣ;
- хулосаи комиссияи босалоҳият иборат аз мутахассисони ин соҳа, ки ба натиҷаи навоварӣ бо дар назар доштани нақши таҳаввулотии ихтироот таҳлилу баҳогузорӣ менамояд (вобаста ба ҷараёни таъсироти навоварӣ, истифодаи самараноки сарватҳои табиии ҷумҳурӣ, рушди истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва воридотивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои инсонӣ, беҳтар кардани ҳолати дастгоҳу таҷҳизот ва шароити меҳнат, шаклҳои амалишавии масолеҳи технологӣ, рушди инфрасохтор, таъсироти иқтисодӣ, рақобатпазирӣ дар бозор, рушди соҳаҳои мухталиф, сарфаи маблағ ва даромади назарраси иқтисодӣ, ҳаҷми кор, иқтидори босуръати истеҳсолот, бартараф намудани буҳрони молиявию иқтисодӣ, беҳдошти соҳаи иҷтимоӣ, экология ва бехатарии шаҳрвандон, таъмини бехатарии озуқаворӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти хусусияти инноватсионидошта ва таҳаввулот дар самти таҳия, татбиқ ва амалисозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- дараҷаи навоварии кори пешниҳодшуда (техника ва таҷҳизоти нав, технологияҳои нав, маҳсулоти нав, усулҳои нави хизматрасонӣ дар ҳамаи соҳаҳо, усулҳои нави таълим, таҳқиқот) (1 ҳуҷҷат);
- санади тасдиқкунандаи дар истеҳсолот ҷорӣ намудани ихтироот ва инноватсия бо нишон додани самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
- видеонавор дар бораи татбиқи амалии коркарди инноватсионӣ ё ихтироот дар истеҳсолот (1 навор).
10.    Барои дарёфти ҷоиза дастовардҳое, ки муаллифи онҳо вобаста ба ҳамин дастовардҳо ба ҷоизаҳои дигари моҳияти давлатидошта пешниҳод ё сарфароз гардидаанд, қабул карда намешаванд.
11.    Озмун барои сазовор гардонидан бо ҷоиза ҳар сол як маротиба гузаронида мешавад.
12.    Эълони гузаронидани озмун барои сарфароз гардонидан бо ҷоиза дар воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ се моҳ қабл аз баргузории он ба табъ мерасад.
13.    Барои гузаронидани озмун оид ба муайян сохтани низоми пешбарии довталабон ва ташхиси кори илмӣ, техникӣ, технологӣ ва инноватсионии онҳо дар назди мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон комиссияи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ (минбаъд - Комиссия) таъсис дода мешавад.
14.    Низомномаи Комиссия ва ҳайати онро мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон тасдиқ менамояд.
15.    Ба ҳайати Комиссия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, кормандони илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, муассисаву ташкилотҳои илмӣ - таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд.
16.    Барои таҳлилу баҳогузории навоварии пешниҳодгардида бо дар назар доштани нақши таҳаввулотии ихтироот комиссияи иловагӣ иборат аз мутахассисони соҳа барои хулосаи дақиқ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
17.    Дастовардҳое, ки вобаста ба мазмун ва муҳтаво бо якдигар ҳаммаъно, ҳамшабеҳ ва ё наздикӣ доранду ба талаботи озмун ҷавобгӯ мебошанд, бо қарори Комиссия ба яке аз онҳо афзалият дода мешавад. Ҷоиза аз рӯи самтҳои афзалиятноки илм, аз ҷумла илмҳои табиӣ-риёзӣ - 2, техникӣ-технологӣ - 2, иқтисодӣ - 1, гуманитарӣ - 2, ҷомеашиносӣ - 2, тиббӣ - 2 ва кишоварзӣ - 1 тақсим карда мешавад. Ба самти дигар додани ҷоизаи самтҳои афзалиятноки илм манъ аст.
18.    Дар ҳолати ба ҷоиза сарфароз гардидани гурӯҳи муаллифон аз рӯи як дастовард мукофотпулӣ дар байни онҳо баробар тақсим гардида, диплом ба ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ супорида мешавад.
19.    Ҷоиза, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи банди 18 Низомномаи мазкур, тақсим карда намешавад.
20.    Дар ҳолати вафот кардани шахсе, ки барои сазовор гардидан ба ҷоиза ҳамчун номзад пешниҳод гардидааст, додани ҷоиза баъд аз марги ӯ иҷозат дода мешавад. Диплом ҳамчун хотира ва мукофотпулӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ворисони қонунӣ мегузарад.
21.    Қарори Комиссия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
22.    Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи қарори Комиссияи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар воситаҳои ахбори омма нашр мегардад.
23.    Шаҳрванд танҳо як маротиба бо ҷоиза сарфароз гардонида мешавад.


20.04.2020 264