Эълон

Бахшида ба Рӯзи модарон, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи ҷавонон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, 2019-2021, мусобиқаи “Ҷоми ректор” оид ба футбол, волейбол, тенниси рӯи миз ва гуштини миллӣ аз 14.03. 2020 то 23.04.2020 баргузор мегардад.
Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар мусобиқа ба кафедраи тарбияи ҷисмонӣ муроҷиат намоянд.
Дархостҳо то рӯзи 13.03.2020 қабул карда мешаванд.
Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Аслонов Д.И.

09.03.2020 120