ЭЪЛОН!

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки Шӯрои олимони ҷавони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони ҷавони илмӣ, аспирантҳо, докторантҳо, омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, озмунро барои дарёфти Ҷоизаҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муқаррар эълон менамояд:

- дар соҳаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ – 1 адад;

- дар соҳаи илмҳои биологӣ ва тиббӣ – 1 адад;

- дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ – 1 адад.

Барои баррасӣ корҳои илмие қабул карда мешаванд, ки дар рушди илм, фарҳанг ва иқтисодиёти кишвар аҳамияти муҳим дошта, бо аслияти худ дар гузориш ва ҳалли масъалаҳои илмӣ фарқ мекунанд, ҳамчунин ба офаридан ва дар иқтисодиёти кишвар татбиқ намудани равандҳои пешрафтаи технологӣ, мавод, мошин ва механизмҳо мусоидат менамоянд.

Ба дарёфти ҷоиза корҳои кормандони ҷавони илмӣ, аспирантҳо, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти оли касбии синашон то 35-сола (дар ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ) қабул карда мешаванд.

Корҳо бояд дар 2 нусха дар шакли чопӣ пешниҳод карда шаванд. Ба ҳар як кори пешбаришаванда пешниҳод (дар як нусха) замима карда мешавад, ки дар он нусха аз протоколи ҷаласаҳои шӯрои олимони ҷавон, мушовараи вазоратҳо, шӯрои олимон ё шӯрои илмӣ-техникӣ ҷиҳати пешбарии корҳо ва муаллифони онҳо ба дарёфти ҷоизаҳо; номи кор, замони анҷом ёфтан ва дар истеҳсолот татбиқ шудани он, баҳододи умумии кор, миқёси амалисозии он ва нишондиҳандаҳои техникӣ-иқтисодӣ нишон дода мешаванд.

Ба пешниҳоди кор ҳамчунин маълумотҳои зерин замима карда мешавад:

- ному насаби корманд (аз рӯйи шиноснома), санаи таваллуд, дараҷаи илмӣ ва унвони илмӣ (номзади илм, доктори илм, профессор), ҷойи кор, вазифа, суроға ва рақами телефон;

- шарҳи мухтасари кор (дар 2 нусха) бо имзои муаллиф.

Кори илмӣ бо ҳуҷҷатҳои зикршуда бояд дар як ҷузва (папка) бо навиштаҷоти «Ба дарёфти ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои олимони ҷавон» пешниҳод карда шавад. Дар рӯи ҷузва номи муассисаи илмӣ ё муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки он ҷо кор иҷро шудааст, номи кор, ному насаби муаллиф навишта мешавад.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ то санаи 16.11.2020 сол то соати 14:00 пешниҳод намоед. 

Муовинати илм ва нашрия


11.11.2020 531

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php