Э Ъ Л О Н БАРОИ ДОНИШҶӮЁН

Ба маълумоти донишҷӯёни курсҳои аз 2 то 6-уми ҳамаи факултетҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино расонида мешавад, ки муваққатан кафедраҳои мазкур ба пойгоҳҳои кафедраҳои зерин гузаронида шуданд:
Аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»
1. Кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 ба кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №2 (ММТ-«Шифобахш») ва кафедраи онкология (корпуси №10-и шаҳраки Шифобахш).
2. Кафедраи тибби оилавии №2 ба Дармонгоҳи №12 (назди Маркази ташхисӣ-Диагностический центр) ва Дармонгоҳи №2 (ДОК).
3. Кафедраи тибби судӣ ба Маркази экспертизаи ҷумҳуриявии тибби судӣ (корпуси №15-и шаҳраки Шифобахш) ва кафедраи анатомияи патологӣ.
4. Кафедраи варзиши муолиҷавӣ ва тибби шарқ ба Маркази ташхисию табобатии ДДТТ ва кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ.
5. Кафедраи таълими асосҳои бемориҳои кӯдакона ба Маркази омодагии қаблии Маҷмааи нави таълимии шаҳраки Шифобахши ДДТТ.
6. Пойгоҳҳои иловагии (филиалҳои) Кафедраҳои акушерӣ ва гинекологӣ, бемориҳои ҷарроҳии №1, ҷарроҳии асаб, травматология ба кафедраҳои асосии худ.
Аз Маркази тиббии №1 (1-ум Советский)
7. Кафедраи бемориҳои дарунии №2 ба кафедраи бемориҳои дарунии №1 (шаҳраки тиббӣ-Медгородок) ва кафедраи бемориҳои дарунии №3 (корпуси №6-и ММТ-«Шифобахш»).
8. Кафедраи эндокринология ба Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ДДТТ, ошёнаи 5-уми бинои нави Маҷмааи нави таълимии шаҳраки Шифобахши ДДТТ.
9. Кафедраи бемориҳои сироятии кӯдакона ба кафедраи эпидемиология ва кафедраи НТҶ ва омори тиббӣ бо курси таърихи тибби Маҷмааи нави таълимии шаҳраки Шифобахши ДДТТ.
10. Кафедраи бемориҳои сироятӣ ба кафедраи беҳдошт ва экологияи Маҷмааи нави таълимии шаҳраки Шифобахши ДДТТ.
Аз Беморхонаи пусту венерологӣ («Комбинати гушт-Мясокомбинат»)
11. Кафедраи дерматовенерология ба кафедраи биохимияи бинои асосии ДДТТ.
Аз донишҷӯёни курсҳои аз 2 то 6-уми ҳамаи факултетҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино хоҳиш карда мешавад, ки аз рӯзи 26-уми марти соли 2020 ба дарсҳо тибқи ҷадвали дарсӣ ба пойгоҳҳои нави кафедраҳои дар боло қайдгардида ҳозир шаванд.
Раёсати ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

24.03.2020 9041

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php