КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ
Санаи 4-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори “Сино”-и Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиши донишгоҳӣ таҳти унвони “Конститутсия-бахтномаи миллат” бо иштироки васеи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон, муҳассилини Донишгоҳ ва ҷалби коршиносону мутахассисон баргузор карда шуд.
Баъди садо додани суруди миллӣ кори ҳамоиш бо суханони табрикотии ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ оғоз гардида, зикр гардид, ки имсол мардуми шарифи тоҷик дар фазои орому осудаи кишвар 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро ҷашн гирифта, дар арафаи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Боиси ифтихор аст, ки ин санаи муҳими таърихию сиёсӣ имсол бо эълон гардидани соли маърифтаи ҳуқуқӣ рост омадааст, ки ҳадафи асосии он дар замири шаҳрвандон, аз ҷумла насли наврасу ҷавон бедор намудани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ буда, бо ҳамин васила рушду тақвияти донишҳои сиёсиву ҳуқуқии онҳо мебошад.
Сипас, мутахассисони соҳа - муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Соҳибзода Муҳаммадҷон, Судяи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа ва сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Шарифзода Саидҳомид Сафар атрофи аҳамияти таърихию байналмилалии Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мақсаду моҳияти эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ибрози андеша намуданд.
Дар фуроварди Конференсия роҳбарияти Донишгоҳ бори дигар иштирокдорон ва дар симои эшон тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 30-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ табрику муборакбод намуданд, кори ҳамоишро ҳусни анҷом бахшиданд.
ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА РОБИТА БО ҶОМЕАИ
ХАДАМОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ