Баргузории мониторинг ва арзёбӣ дар соҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ ва бемории сил


Баргузории мониторинг ва арзёбӣ дар соҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ ва бемории сил

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Гурӯҳи кории техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ дар соҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа ва Вохӯрии аъзои шабакаи коршиносони арзёбӣ ва баҳодиҳии барномаи мониторинги ҷамъиятии OneImpact баргузор карда шуд.

27-уми август дар ҳамкорӣ бо Котиботи Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” ҷаласаи Гурӯҳи кории техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ дар соҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа ва Вохӯрии аъзои шабакаи коршиносони арзёбӣ ва баҳодиҳии барномаи мониторинги ҷамъиятии OneImpact Тоҷикистонро баргузор кард.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, аъзои Гурӯҳи кории техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ дар соҳаи пешгирии ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID), сарпарастони соҳаи тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои озмоишии лоиҳаи “Ҷомеаи ман бидуни сил”, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони аз сил осебдида, шахсиятҳои маъруф – сафирони пешгирии сил, кормандони иҷтимоии аъзои Гурӯҳи дастгирии беморон иштирок карданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода оғоз гардид. Ӯ гуфт, ки пешгирӣ ва мубориза бо бемории сил ва ВНМО дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дошта, дар ин самт пайваста барномаҳои миллӣ қабул ва татбиқ гардида истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун кишвари бидуни вараҷа эълон гардид. Албатта, ин натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва талошҳои софдилонаи тамоми ҷомеаи кишвар буда, моро барои мубориза бо дигар бемориҳои сироятӣ ва иҷтимоӣ рӯҳбаланд мекунанд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, низомнома ва ҳайати зергурӯҳи корӣ оид ба мониторинг бо неруи ҷомеаи назди Гурӯҳи кории техникӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ дар самти ВНМО, сил ва вараҷа баррасӣ ва тасдиқ гардид.

Шахсони аз сил осебдида дар бораи мушкилоти асосии беморон-истифодабарандагони OneImpact Тоҷикистон маълумот дода, аз таҷрибаҳои шахсии худ қисса карданд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони Ассотсиатсияи “Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон” аъзои Гурӯҳи вокуниши барномаи мониторинги ҷамъиятии OneImpact Тоҷикистон ва натиҷаҳои баҳодиҳии “Муҳити ҳуқуқӣ ва нишондиҳандаҳои ҳуқуқи инсон” муаррифӣ гардида, инчунин, аз тарафи ҳозирин ҳисоботи миллии барномаи мониторинги ҷамъиятии OneImpact Тоҷикистон бозбинӣ ва таҳлил карда шуд.

Дар алоқамандӣ ба мавзуи мавқеъ ва саҳми табибони силшинос дар ҳалли мушкилоти муроҷиаткунандагони OneImpact Тоҷикистон директори ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи фтизиопулмонологони Тоҷикистон” Бобоҷон Пирмаҳмадзода сухан ронда, барои тақвияту тавсеаи корҳо дар ин самт изҳори умедворӣ кард.

Дар анҷом аъзои Гурӯҳи коршиносони арзёбӣ ва баҳодиҳии барномаи мониторинги ҷамъиятии OneImpact Тоҷикистон маълумотҳои арзишмандро, ки аз шахсони аз сил осебдида тавассути барномаи мобилии OneImpact Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст, мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор дода, вобаста ба мушкилоту монеаҳои гузоришшуда машварат ва тавсияҳои афзалиятнок пешниҳод карданд.


28.08.2024 179

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php