Дар Донишгоҳи тиббӣ 1776 мутахассиси хориҷӣ аз 27 давлати дунё таҳсил доранд


Дар Донишгоҳи тиббӣ 1776 мутахассиси хориҷӣ аз 27 давлати дунё таҳсил доранд

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали Ибни Сино дар давраи ҳисоботӣ дар Донишгоҳ 1776 мутахассиси хориҷӣ аз 27 давлати дунё, аз ҷумла дар сатҳи тодиипломӣ 1752 нафар дар сатҳи баъдидипломии илмӣ 10 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ 14 нафар аз давлатҳои Ҳиндустон, Покистон, Росия ва дигар давлатҳои хориҷи таҳсил мекунанд.

Ин нуқтаро имрӯз ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали Ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дода, илова кард, ки дар Донишгоҳи мазкур таҳсил бо се забони давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки фазои таълим бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 490, бо забони давлати таҳсилкунанда 207 ва бо забони англис 109 ададро ташкил медиҳад.


радиои “Тоҷикистон”


07.08.2024 990

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php