САБАБҲОИ ДАРДИ ДАНДОН ВА ИЛЛАТИ БОФТАҲОИ МИЛКИ ДАНДОН АЗ НАЗАРИ ТИББИ НИЁГОН


САБАБҲОИ ДАРДИ ДАНДОН ВА ИЛЛАТИ БОФТАҲОИ МИЛКИ ДАНДОН АЗ НАЗАРИ ТИББИ НИЁГОН

Сабаби дарди пай дар пайи дандон гуногун аст- гоҳ аз гарм гоҳ аз сардӣ, гоҳи дигар, агар кирм хӯрда бошад, аз сӯрохии бавуҷудомада ба асаби дандон чизҳои ғайр мерасад ва боиси дард мешавад. Ҳар дард сабабу нишонаю аломатҳои хоси худро дорад. Дард аз гармӣ бошад, ҳангоми оби хунукро дар даҳон гирифтан, дард сокин мешавад, вале агар сабаби дард сардӣ бошад, ба даҳон оби гарм гиред, дарди дандон таскин меёбад. Дар ҳолати эҳсос кардани аломатҳои зикрёфта сабаби дарди дандон ба зуди муайян ва маълум мегардад. Аз ин ҷо хулоса баровардан мумкин аст, ки аз ғалабаи хун ё аз афзудани балғам дардро муайян кардан имконпазиру осон аст. Сабаби дард ғалабаи хун бошад, дардаш шадид, даҳон талх ва дигар аломатҳои сафро ба амал меорад. Агар сабаб бисёршавии балғам дар даҳон бошад, дардаш паст, оби даҳон зиёд ва дигар аломатҳои балғам зоҳир мегарданд.

“Парадонт”. ”Парадонт” калимаи юнонист, пара-назд, ё милки дандон буда, маънои иллати бофтаҳои милки дандонро дорад. Дар аснои гирифтор шудан ба он канораҳои  барҷастаи алвеолии ҷоғ ковок шуда, боиси ҷунбонак шудани дандонҳо мегардад.

Касалии парадантоз, махсусан, дар мавридҳои зерин инкишоф меёбад: ҷисми одам гирифтори ягон касалии умумӣ, ба мисли захми меъда ё рудаи дувоздаҳангушта,  норасоии хун ба мушаки дил, касалии қанд бошад, нобаробар будани хизмати дандонҳо, ҳангоми тановул, бештар дар шахсоне, ки баъди афтидани баъзе дандонҳояшон саривақт дандони сунъи намемонанд: санги дандон (хусусан, дар зери милк) бисёр шуда бошад: дандонҳо эҳтиёт ва парвариш карда нашаванд, яъне пайваста тоза карда нашаванд, тарзи ҳаёти солим халал ёбад, масалан ба кӯи майпарастӣ афтидан.

Агар бемор саривақт дар ибтидои пайдоиши касалии парадантоз, ҳеҷ набошад дар марҳилаи авҷ гирифтанаш дар пайи табобат нашавад, бинобар хароб шудани бофтаҳои қисми алвелолии ҷоғ ҳамаи дандонҳояш мерезанд. Дандонҳо ба дараҷае беқуввату лиқонак мешаванд, ки бемор бо дасти худаш ҳам ба осонӣ канда метавонад.

Дар ҳолати пайдо шудани аломатҳои касалии парадантоз ҳатман ба духтури стоматолог муроҷиат кунед.

Сирро бирён карда ба дандон монед, дарди дандонро таскин мебахшад, инчунин дандоне, ки хӯрда шуда бошад, беҳтару мустаҳкамтар мешавад, ба шарте, ки сабаби дарди дандон аз сардӣ ё аз бод бошад.

Решаи зуфро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳон ду-се маротиба бигардонед, ё ин, ки решаашро бихоед, дарди дандон тез сиҳат хоҳад шуд.

Хамиртурушро ба дандони дардманд гузоред, дарди онро таскин медиҳад.

Тухми гулхайриро дар об ҷӯшонида, он обро бо сирко даромехта, дар даҳон гардонед, агар сабаби дарди дандон аз гармӣ бошад, онро таскин мебахшад.

Қиёми зиркро дар б ҳал карда, онро дар даҳон гардонед, дарди дандонро аз байн мебарад.

Донаи гандум барин қиёми зиркро бо шароб якҷоя бихӯред, дарди дандонро шифо мебахшад.

Бо оби решаи офтобпараст даҳонро чайқонед, агар сабаби дарди дандон аз сардӣ бошад фоидаовар аст.

Оби кашнизи тар дарди дандонро таскин медиҳад.

Қаланфури гарданро бихоед, дарди дандонеро, ки сабаби он сардӣ бошад, шифо мебахшад инчунин милки дандонро мустаҳкам мекунад.

Кокутиро дар об ҷӯш дода, он обро дар даҳон гардонед, дарди дандонро, ки аз сардӣ бошад таскин медиҳад.

Сӯзанбаргҳои санавбарро дар об ҷӯшонида, ба он об сирро даромехта, даҳонро чайқонед, дарди дандонро таскин медиҳад.

Бӯйи даҳон нест мешавад, агар….

Пӯсти лиму бӯйи даҳонро нобуд месозад, беҳтар мебуд агар онро бихоед, меъдаро барои ҳазми хӯрок қавию муътадилу солим нигоҳ медорад. Бартарии дигараш он аст, ки бӯи сирпиёзро пурра аз даҳон мебарад ва даҳонро хушбӯй мекунад. Махсусан, лимонак ё ниёзбу бӯйи нохуши даҳонро маҳв ва даҳонро муаттар менамояд. Хӯрдани шафтолу низ бадбуйии даҳонро нест мекунад, инчунин оби хасаки тарро бо асал даромехта, бо он даҳонро чайқонед, бадбуйии даҳонро аз байн мебарад.

Қаланфури гарданро майда карда бихоед, бадбӯйии даҳонро рафъ, даҳонро хушбӯю тоза месозад.

Самари  сарвро  кӯфта майда кунед ва онро бо асал омехта бихӯред, бӯйи дандонро хушк  мегардонад.

С. А. Таибов,

 сардори  шуъбаи  иттилоот  ва  робита бо

ҷомеаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино,

Худоёров Саъдудин,

ассисенти кафедраи стоматологияи кӯдакона

ва ортодонтияи МТК “Стоматология”-и ДДТТ

ба номи Абӯалӣ ибни Сино   

Moh.tj  


26.09.2022 184

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php