Семинар-тренингҳо дар МТИИ


Семинар-тренингҳо дар МТИИ

          Дар ҳафтаи сипаришуда дар Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» машғулиятҳои амалӣ аз фанҳои ТИФ барои донишҷӯёни курси панҷум ва технологияи фарматсевтӣ барои донишҷӯёни курси сеюми факултаи фарматсевтӣ аз рӯи барномаҳои мавҷудбуда баргузор гашт. Дар машғулиятҳои амалӣ 180 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

         Дар бахши иттилоотӣ оид ба маводи дорувории МТИИ «Фарматсия» рӯзҳои 16 ва 18 феврал 2 семинар-тренинг бо иштироки 32 нафар донишҷӯёни курси 4-уми факултаи фарматсевтӣ дар мавзӯъҳои «Технологияи коркарди маводҳои доругии нав» ва «Маводҳои доругии оригиналӣ, генерикӣ. Номгузории ғайрипатентии байналмилалӣ ва тиҷоратӣ» ташкил кардаву гузаронида шуд.

         Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи дониши толибилмон ва пешниҳод намудани иттилооти амиқу эътимодноку аз ҷиҳати илмӣ собитшуда оиди маводҳои доруворӣ ва истифодаи самараноки онҳо мебошад.

        Шуъбаи коркарди растаниҳо аз растаниҳои шифогӣ 56 қуттӣ қадоқ карда, барои гардиш омода сохт. Шуъбаи истеҳсоли маводҳои доруворӣ ба миқдори 45л маҳлули антисептикии 70% истеҳсол намуда, ба анбори донишгоҳ супорид. Инчунин, шуъбаи истеҳсоли маводҳои доруворӣ 20 адад қоғазпеч (10-донагӣ дар ҳар яктоаш) доруи хокаи дибазол бо меъёри кӯдакона тайёр намуд.

Дар ҳафтаи сипаришуда санаи 17 феврал намояндагони васоити ахбори омма – ТВ “Тоҷикистон” ба Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» бо мақсади ба навор гирифтан оиди фаъолияти марказ омада буданд. Дар рафти наворгирӣ директор Раҷабов Г.О. оиди растании шифобахш барги зулф суханронӣ намуд.

Кормандони Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» дар назди бинои навсохташудаи марказ гулҳои мавсимӣ шинонида, дар тоза намудани гирду атроф ва ҳуҷраҳои корӣ фаъол мебошанд. Ҳамеша кӯшиш менамоянд, то баҳри ободу зебо гардонидани як гӯшаи диёр саҳми худро гузоранд.

Роҳбари маркази таълимӣ, илмӣ ва

истеҳсолии «Фарматсия», н.и.б., дотсент Раҷабов Г.О.


Семинар-тренингҳо дар МТИИ
Семинар-тренингҳо дар МТИИ
Семинар-тренингҳо дар МТИИ
Семинар-тренингҳо дар МТИИ
Семинар-тренингҳо дар МТИИ
20.02.2021 1277

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php