Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ман хатмкунандаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланд дипломи табибиро гирифта, ба фаъолияти табибӣ шурӯъ менамоям ва тамоми уҳдадориҳоеро, ки ин ихтисос ба зиммаи ман мегузорад, дарк намуда, савганд қабул мекунам, ки:
вориси сазовори олим ва табиби бузург Абӯалӣ ибни Сино бошам;
тамоми донишу қувваамро ба ҳифз ва беҳтар кардани саломатии инсон, пешгирӣ ва табобати бемориҳо бахшам, дар ҳар ҷое, ки манфиати одамон тақозо дорад, софдилона меҳнат кунам;
барои кумак ба одамони муҳтоҷи табобат ҳамеша тайёр бошам, ба беморон бодиққат ва ғамхорона муносибат намоям, сирри табибиро муқаддас нигоҳ дорам ва маҳорати табибиро ба мақсади бад истифода набарам;
дониши табибии худро мунтазам такмил диҳам, бо меҳнати худ ба инкишофи илму амалия мусоидат намоям;
агар манфиати бемор тақозо кунад, барои маслиҳат ба ҳамкорон муроҷиат намоям ва худ низ ҳеҷ вақт маслиҳату кумакамро дареғ надорам;
анъанаҳои тибби халқиро ҳифз кунам ва инкишоф диҳам, дар тамоми фаъолияти худ аз рӯи меъёрҳои ахолқи умумибашарӣ амал кунам, вазифаи олии ворисони Синоро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорам;
қавл медиҳам, ки ба ин савганд умрбод содиқ бошам!
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php