Маълумоти умумӣ


Таҳсил дар ординатураи клиникӣ (резидентура) рӯзона буда, он дар кафедраҳои клиникии донишгоҳ амалӣ мегардад. Номгӯи ихтисосҳое, ки аз рӯи онҳо дар ординатураи клиникии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил кардан имконпазир аст, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ карда мешавад ва ин номгӯй вобаста ба талаботи соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба кадрҳои дорои маълумоти олии тиббӣ тартиб дода мешавад.
Ташкил намудан ва таъминоти методии тайёр намудани мутахассисон дар ординатураи клиникӣ дар чорчӯбаи «Низомнома дар бораи ординатураи клиникии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино», барномаҳо ва нақшаи таълимӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин амалӣ мегардад.
    Акушерӣ ва гинекология
    Анатомияи патологӣ
    Анестезиология ва реаниматология
    Асабшиносии кӯдакон
    Асабшиносӣ
    Бемориҳои дарунӣ
    Бемориҳои кӯдакон
    Бемориҳои сироятии кӯдакон
    Бемориҳои сироятӣ
    Дерматовенерология
    Кардиология
    Колопроктология
    Ҷарроҳии асаб
    Ҷарроҳии дил
    Ҷарроҳии қафаси сина
    Ҷарроҳии кӯдакон
    Ҷарроҳии ҷоѓу рӯй
    Ҷарроҳии пластикӣ ва реконструктивӣ
    Ҷарроҳии рагҳои хунгард
    Ҷарроҳӣ
    Неонатология
    Онкология
    Ортодонтия
    Оториноларингология
    Офталмология
    Психиатрия ва наркология
    Рентгенология
    Стоматологияи кӯдакон
    Стоматологияи муолиҷавӣ
    Стоматологияи ортопедӣ
    Тибби оилавӣ
    Травматология ва ортопедия
    Урология
    Физиотерапия
    Фтизиатрия
    Экспертизаи тиббӣ-судӣ
    Эндокринология
Муҳлати таҳсил дар ординатураи клиникӣ аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо 2 солро ташкил медиҳад. Баъди ба итмом расидани муддати таҳсил дар ординатураи клиникӣ ва бомуваффақият супоридани имтиҳони хатм ба мутахассис шаҳодатнома дар бораи хатми ординатураи клиникӣ дода мешавад.
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php