СИЁСАТИ
МДТ «ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН
БА НОМИ АБЎАЛӢ ИБНИ СИНО» ДАР СОҲАИ СИФАТ
Сиёсати МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино» ба таъмин кардани хатмкунандагони рақобатпазир дар бозори миллӣ ва ҷаҳонии хизматрасонии таҳсилотӣ, ба даст овардани мақсадҳои стратегии донишгоҳ ва беҳтар сохтани сифати хизматрасониҳои таълимӣ, илмӣ ва тиббӣ равона карда шудааст.
РИСОЛАТИ МДТ "ДДТТ БА НОМИ АБЎАЛӢ ИБНИ СИНО"
Пешниҳоди таҳсилоти тиббии дорои заминаи миллӣ ва эътирофи ҷаҳонӣ баҳри омодасозии кадрҳои салоҳиятнок ва мусоидат ба рушди фаъолияти илмӣ дар соҳаи тандурустӣ.
ПЕШБИНИИ МДТ "ДДТТ БА НОМИ АБЎАЛӢ ИБНИ СИНО"
МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино» кўшиш мекунад, ки муассисаи пешоҳанги олии таълимӣ дар Осиёи Марказӣ бошад, ки кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустиро дар заминаи бунёди пойгоҳҳои байналмилалии илмӣ-инноватсионӣ ва пешниҳод кардани хизматрасониҳои босифати таълимиро амалӣ созад.
Сиёсати соҳаи сифатро пазируфта, роҳбарияти МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино» самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро муайян мекунад:
• Дар донишгоҳ таъмин кардани ҷараёни инноватсионии таълим ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони ба талаботи ҷомеаи муосир ҷавобгў;
• Пайваста баланд бардоштани салоҳиятнокии касбии кормандони илмӣ-педагогӣ бо роҳи ворид кардани шаклҳои муосир ва усулҳои тайёр кардани онҳо (такмили ихтисос, истифодаи технологияҳои навини педагогӣ дар раванди таълим);
• Таъсис додани комплексҳои илмӣ-таълимӣ ва клиникӣ барои такмил додани раванди таълим ва баланд бардоштани потенсиали илмӣ;
• Рушди инфрасохтор ва базаи моддӣ-техникии донишгоҳ;
• Такмил додани системаи менеҷменти сифат ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии донишгоҳ.
Роҳбарияти донишгоҳ дар татбиқи Сиёсат дар соҳаи сифат уҳдадор мешавад ва масъулияти таъмин кардани шароити зарурӣ барои расидан ба мақсадҳои донишгоҳ, ҳамчунин дастгирӣ кардани натиҷабахшӣ ва самаранокии системаи менеҷмент мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалии ИСО 9001:2015-ро ба уҳда мегирад.
Дар татбиқи Сиёсат дар соҳаи сифат ҳар як корманди донишгоҳ иштирок мекунад ва дар доираи салоҳиятҳои худ масъулиятнок аст.
ПАРЧАМ, НИШОН ВА РАМЗҲО
Рамзу нишонҳои ДДТТ нақши умумикунанда ва равонакунандаро бозида, маънои ягон намуди фаъолияти тиббиро ифода мекунанд. Нишони ДДТТ аз тасвири ҷоми бо ду мор печонидашуда ва аз китоби кушода иборат аст. Ҷом дар меҳвари ду рангро ҷудокунанда сабт шудааст.
Рангҳои сафед ва сиёҳ – рамзҳои некӣ ва бадӣ буда, ба муборизаи оштинопазир ишора мекунанд ва муҳити бехавф ва эътимоднокро фароҳам меоранд. Китоби кушода рамзи дониш ва омўзиш мебошад. Худи ҷом рамзи манбаи хирад мебошад, ки ба роҳи дуруст ҳидоят мекунад; морҳо бошад, рамзи некӣ, хирад, ҳамадонӣ, дониш, ҷовидонӣ ва ҳаёт мебошад. Онҳо дар ҳаёт мубориз будан ва барои ҳаёт мубориза бурданро меомўзанд. Дар фурӯғи, пиромуни нишон – Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино навишта шудааст. Нишони қабулшуда аз робитаи зичи илми тиб бо таърих, маданият ва фарҳанги халқ шаҳодат медиҳад.

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php