Маълумоти асосӣ


Сардори шуъба
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ яке аз ҷузъи сохтории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, чиҳати тадбиқи фаъолияти ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии донишгоҳ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамгироӣ намудан ба системаи маорифи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар арсаи ҷаҳонӣ равона гардидааст.
Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷ дар тамос буда яке аз самтҳои асосии он ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳо ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баладихтисос ва ҷалби марказҳои пешқадами таълимӣ ва хориҷӣ барои муносибатҳои мутаносибан судманд мебошад.
Имрузҳо дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз мамлакатҳои Федератсияи Россия, ИМА, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Латвия, Дания, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ироқ, Покистон ва Озорбайҷон таҳсили илм намуда истодаанд. Ҳамзамон ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо муассисаҳои олии таълимии кишварҳои хориҷ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, инчунин дар лоиҳаҳои инвеститсионии байналмилалӣ ширкат меварзад.
Самтҳои асосии шуъба фаъолиятҳои зеринро дар бар мегирад:
1. Ташкил ва рушд додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо муассисаҳои пешқадами таълимӣ ва илмии ҷаҳон, омода намудани барномаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм:
    мусоидат намудан оид ба иштироки ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар барномаҳои байналмилалии таълимӣ;
    мусоидат намудан оид ба иштироки ҳайати профессорон ва омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар доираи барномаи мубодилаи академӣ;
    мусоидат намудан оид ба гузаштани такмили ихтисоси кормандон дар хориҷи кишвар;
    мусоидат намудан оид ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълими кишварҳои хориҷ, муассисаҳои тиббӣ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотӣ;
    татбиқи фаъолиятҳои байналмилалӣ, бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии таълимӣ, шарикони хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
    мусоидат намудан оид ба ҷустуҷӯи грантҳои таълими байналмилалӣ ва илмӣ;
2. Ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ барои омӯзиш, тайёри ва таҷриба дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
3. Дастгирӣ намудан барои дастрасӣ бо раводид барои меҳмонон ва шаҳрвандони хориҷие, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил мекунанд.

Тамос


Суроға: ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 139,
Телефон: (+992) 44 600-36-14, (+992) 44 600 36 47
E-mail: id@tajmedun.tj

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php